Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

by admin
229 views

Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи илми тоҷик ва эълон гаштани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.

Дар конфронс декани факултет номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, номзади илмҳои химия Холиқов Сафар, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он Ҳасанов Алихон,  муаллими калони кафедра номзади илмҳои педагогӣ Бобоев Бахтиёр ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал декани факултет Исупов Дилшод ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.

Сипас Раҳимова Қурбонбӣ мутахассиси раёсати илм ва инноватсия суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрист ва ин худ бозгӯи тақвият додани технологияи соҳаи саноат, ки ба илмҳои дақиқ шомил мебошад, маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он Ҳусейнов Тешахон дар мавзуи “Омӯзиши таркиби маъданҳои маҳалии фосфордори Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ассисенти кафедра Насруллоев Асомуддин дар мавзуи “Усулҳои коркарди металҳои ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ассисенти дигари кафедраи мазкур Бобоев Комрон дар мавзуи “Усулҳои коркарди маъданҳои маҳалии урандори Ҷумҳурии Тоҷикистон”, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия-биология дар мавзуи “Усулҳои истеҳсоли намаки ошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Илова бар ин дар бахши дуюми конфронс аз ҷониби устодону донишҷуёни факултети химия ва биология таҷрибаҳои химиявӣ гузаронида шуд.

Related Articles

Leave a Comment