(Мулоҳизоте чанд перомуни ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо)
Ташаббусҳои муваффақонаи байналмилалӣ, суханрониву масъалагузориҳо, раёсату роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик, вориси тамаддуни оламшумули ориёӣ, меросбари фарҳанги деринбунёди давлатдорӣ, ҳомили руҳияи адолатгустар ва маниши бузургу фаромиллии ниёгони хирадсолор, таҷаллии воқеии ғояҳои пиндору гуфтору рафтори нек, пешоҳанги ҳалли масоили марбут ба обу иқлим ва таъмини рушди устувори кишварҳои олам, Асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони нобу шевои тоҷикӣ тобишу дурахши фарру шукӯҳи каёниро мемонад, ки аз нурпошии он таърихи деринаи миллат, сиёсати сулҳҷӯёнаи имрӯзаи давлат ва ҳам ояндаи амну босуботи аҳли башар равшан мегардад.
Раёсати Сарвари тоҷикони ҷаҳон дар Конфронси беназиру таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки санаҳои 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуда, бузургтарин ҳамоиш дар 50 соли охири фаъолияти ин созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, натиҷаи сиёсати хориҷии муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии дархӯри манфиатҳои умуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, мояи ифтихору сурур ва таҳрикбахши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, инчунин ҳар як сокини худогоҳи сайёра баҳри татбиқи иқдомҳои наҷибу созанда, муносибати огоҳонаву оқилона нисбат ба сарватҳои табиат, саъю талоши муштарак ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳифз ва боқӣ гузоштани сайёраи аз ҷиҳати экологӣ муносиб барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар конфронси мазкур ва чорабиниҳои канории он – «Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар», «Об моро муттаҳид месозад», «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва инчунин, дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ бори дигар зарурати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои об, идора ва истифодаи об, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табиии ба гармшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо алоқаманд, ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва дигар масъалаҳои ба об алоқамандро таъкид намуданд.
Пешвои муаззами миллат бо ибтикороти ҷаҳонии хеш тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногун, давлатҳову иқтидорҳои ҷаҳон, ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи сайёра, хоса масоили обу иқлим муттаҳид намуда, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи соҳибтамаддуни тоҷик, аҳли ҳавзаи Наврӯзи хуҷастаойинро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва тарғиб намоянд. Чунончи дар суханронии зебову пурмуҳтаво ва шукӯҳманди хеш зимни чорабинии канории Конфронс – «Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар» иброз намуданд: «Бино ба таълимоти Авасто, дар айёми Наврӯз эҳёи ҳаёт ва табиат дар шаш унсур, яъне: осмон, замин, об, наботот, ҳайвонот ва инсон зоҳир мегардад. Аз ҷумлаи онҳо, хусусан об – манбаи барқарории ҳаёт ва идомаи он, рамзи покизагиву ободӣ, файзу баракат ва саодату нишот мебошад».
Аз ин сабаб одамон дар замонҳои қадим дар арафа ва рӯзҳои Наврӯз ҷӯю наҳрҳоро тоза мекарданд, обҳоро меполиданд ва дар зарфҳои азим оби ошомиданӣ захира намуда, мутобиқ ба захираҳои об нақшаҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои хоҷагидориро тарҳрезӣ менамуданд».
Маълум аст, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши назаррас дошта, тавассути он дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба шуғли аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Мувофиқи арзёбии директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Амирзода О., қариб 60% экосистемаи табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманд аст, бар асари шиддати равандҳои таъсироти ногувори антропогению тағйирёбии иқлим харобгардида ҳисобида мешавад. Вазъи мазкур ба ҳаҷм, ҳолат ва самаранокии захираи обҳои истифодашаванда, пеш аз ҳама, оби нӯшокӣ таъсири ногувор мерасонад. Аз ҷониби дигар, ҳамбастагии зичи об, муҳити зист ва иқлим зудтағйирёбанда гардида, ба афзоиши офатҳои гидрометеорологӣ мусоидат менамояд ва ба ин восита ба тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсири манфӣ меорад. Махсусан, тағйирёбии иқлим, ки пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон дигаргунӣ ворид менамояд, ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти бузург – обшавии босуръати пиряхҳо рӯ ба рӯ гардонидааст.
Захираи асосии обҳои тозаи сайёра пиряхҳо ба ҳисоб рафта, аз ҷумла захираҳои оби Тоҷикистон, ки манбаи асосии обҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд, аз пиряхҳо ва барфҳои доимӣ ғизо мегиранд. Пиряхҳо захираҳои обро дар давраи гарми сол, ки барои обёрикунонӣ зарур аст, таъмин менамоянд. Аммо солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо афзуда, ба соҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ, тағйироти иқлим, ирригатсия ва гидроэнергетика, ки манбаи «энергияи сабз» мебошанд, таъсири манфӣ расонида истодааст. Зери таъсири тағйирёбии иқлим андоза ва ҳаҷми пиряхҳо, махсусан пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор коҳиш меёбад. Барои мисол, дар Тоҷикистон танҳо дар 50 соли охир беш аз ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои ҷумҳурӣ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.
Аз нишондиҳандаҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бармеояд, ки дар ҷаҳон зиёда аз 750 млн нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ, то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ҳоло беш аз 3 млрд сокини сайёра аз норосоии оби тоза танқисӣ мекашад ва пешгӯйӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 млрд мерасад.
Таҳлилҳои Бунёди СММ оид ба кӯдакон (UNICEF) нишон медиҳад, ки танҳо дар 10 мамлакати африқоӣ дар натиҷаи омӯзиши се таҳдиди марбут ба об – норасоии об, санитария, беҳдошту бемориҳои вобаста ба он ва инчунин, хатари тағйирёбии иқлим 190 млн кӯдак таҳти хатари нигаронкунанда қарор доранд. Мувофиқи арзёбии мазкур, минтақаҳои Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим бештар аз ҳама бо масъалаи норасоии об даргиранд.
Мувофиқи таҳлилҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Насриддинзода Эмомалӣ, мубрамияти масъалаҳои мазкур дар он низ зоҳир мегардад, ки мушкилоти мавҷуда дар масъалаи тақсимоти захираҳои об дар байни давлатҳои олам, ки ҳавзаҳои ягонаи обӣ доранд, таҳдид ба сар задани муноқиша ва тазодҳои манфӣ дорад. Дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 рӯди фаромарзӣ ва байнидавлатӣ мавҷуд аст, ки беш аз 170 мамлакати гуногуни дунё аз онҳо истифода мекунад ва ин раванд ҳалли мусолиҳатомез ва дурнамосозро тақозо менамояд.
Дарки ҳамин воқеияти табиии сайёра аст, ки масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният, зарфи бист соли охир дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи хеш ба хабарнигори телевизиони СММ дар доираи Конфронси СММ-2023 иброз намуданд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст. Барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар ин самт афзоиш диҳем».
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи сиёсати экологӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи об, гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили қонунгузории соҳаро ба амал баровардааст.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, бо назардошти ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишвар таҷдид шуда, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1688, аз 02.04.2020) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» (№1633, аз 19.07.2019), «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» (№1668, аз 02.01.2020) дар таҳрири нав, «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», «Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2008-2020», Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 13) об ҳамчун моликияти истисноии давлат эътироф шуда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Мақсад аз қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо» арзёбӣ мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари муайян намудани мақсад ва вазифаҳои истифодаи об, ҳамзамон, тадбирҳои татбиқи ҷазо барои риоя накардани талаботи санадҳои марбутаи захираҳои обӣ пешбинӣ шудааст. Мутобиқи моддаи 226 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 173 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нисбат ба шаҳрвандон, шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, барои ифлос ё олуда кардани обҳои рӯйизаминӣ ва манбаъҳои оби нӯшиданӣ, худсарона тасарруф кардани объектҳои об ва истифодаву тақсим намудани об, мутаносибан, тадбирҳои қонунии ҷазо ва ҷарима татбиқ карда мешавад.
Тоҷикистон ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист шомил буда, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ амалӣ менамояд.
Сарвари давлат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси оби СММ-2023-ро оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи баланд роҳбарӣ ва назорат намуда, дар баробари суханрониҳои асоснок ва пешниҳодоти мушаххас дар маросими пӯшидашавии Конфронс аз уҳдадориҳои ба Рӯзномаи амалиёти об воридгардида истиқбол ва пайгирии татбиқи васеи онҳоро зарур арзёбӣ карданд:
«Рӯзномаи амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта, Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад».
Муътақид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ, водор намудани созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати пазироии пешниҳоду ғояҳои мавриди назари хеш, сарҷамъ ва муттаҳид сохтани миллату халқиятҳои гуногун, давлатҳову иқтидорҳои ҷаҳон, ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ, бевосита ба уҳда гирифтани раёсати Конфронси беназиру васеъмиқёси таърихӣ ва назорату пайгирии уҳдадориҳои гирифтаи давлатҳо кори саҳлу осон набуда, силсилаи тадбирҳову масъалагузориҳои муназзаму мушаххас, аз ҷиҳати ҳуқуқиву дипломатӣ асосноку нозукбинона тарҳрезишударо тақозо менамояд. Истиқболи панҷ ташаббуси ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об ва қабули 9 қатъномаи марбут ба онҳо, раёсат дар Конфронси оби СММ-2023 гӯёи азми росих, иродаи матин, эътимоди қавӣ, завқи волои созандагиву беҳбудбахшӣ, пайгирии устуворонаи Пешвои муаззами миллат аз пешниҳодҳои манзуршуда то татбиқи амаливу борварии онҳост.
Шоири халқии Тоҷикистон, устод Камол Насрулло мояи ифтихор медонанд, ки Пешвои миллати мо чун ҳамеша дар ҳама амалу гуфтору рафтори худ падида ва намунаи дурахшони ватандӯстиву миллатпарастӣ нишон медиҳанд, тавассути ташаббусҳои наҷибу инсондӯстона дар арсаи ҷаҳонӣ, дар баробари гузоштану бардоштани масъалаҳои тақдирсози башарӣ, бо сиришти хайрхоҳонаи худ хилқати нек ва сиришти инсонпарваронаи миллати моро ба тамоми ҷаҳониён ҷилвагар мегардонанд. Сиришти воқеан мисли оби зулоли табиати биҳиштосои мо поку манфиатоваре, ки намунаи ибрат дар ҷодаҳои хайрхоҳиву башардӯстист.
Мо ҷомеаи мадании кишвари озоду соҳибистиқлол, аҳли зиё, вакилони халқӣ, масъулони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии мамлакат, омӯзгорону муҳаққиқон, олимону коршиносонро зарур аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти кишвар, Асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо фарру шукӯҳи каёнӣ, чеҳраи тобноки ориёнӣ, лафзи ширини тоҷикона, қалби бузургу ғояҳои некманишона нигини минбарҳои бонуфузи олам гаштаанд, васеъ ташвиқу тарғиб намуда, баҳри татбиқи бемайлони онҳо, сафарбарсозии олимону муҳаққиқон баҳри омӯзишу пажӯҳиши масоили марбут ба обу иқлим ва обшавии пиряхҳо, огаҳии бештар, саҳмгузории назаррас, ангезаи афзуни шаҳрвандон ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар таъмини муҳити зисти солим, рушди устувори Ватани азизу маҳбуб пайваста талош ва иқдомҳои судмандро рӯйи кор оварем.
Раҳмон Дилшод Сафарбек, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ