Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
201 views

Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».

Ба ин муносибат имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр аз ҷумҳурӣ конфронси ҳизбӣ таҳти унвони “Ватандӯстӣ аз оила сарчашма мегирад” баргузор гардид.

Дар конфронс раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, муовинони ректор, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, кормандони масъули ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Нахуст меҳмононро дар даромадгоҳи донишгоҳ донишҷӯён бо қироати порчаҳои шеърӣ ва парчамҳои ҳизбию давлатӣ пешвоз гирифтанд, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ба аҳли илму сиёсати кишвар аз ҷониби ҷавонон аст.

Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҷаласаи ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим оғоз намуданд. Сипас раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, меҳмононро ҳайрамақдам гуфтанд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки: «Бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар пойдории сулҳу субот ва амнияти комил саъю кӯшиш менамоем. Ватандӯстиро на дар забон, балки дар амал нишон дода, баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз камари ҳимат мебандем».

Дар идома Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон доир ба мавзуи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар баромад намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, дар шароити имрӯза ҳар яки моро мебояд бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, илму фарҳанг, техника ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем ва бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем. Ва ҳамеша шукри истиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.

Баъдан Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори донишгоҳ, профессор ва Абдулло Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ оид ба мавзуи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Инчунин аз фаъолияти босамари аъзоёни ҳизб, афзоиши ҷонибдорони он, иштироки ҳизбиён дар ҳаёту фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии вилоят ёдовар шуд. Ҳамзамон қайд кард: “Тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аз оила сарчашма мегирад ва он метавонад идомадиҳандаи рӯзгори осоишта бошад. Азбаски дар аксар маврид душманони миллат паҳлӯи заифи ҳар як дастоварди моро меҷӯянд, фаъолони ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҲХДТ-ро мебояд, ки беш аз пеш фаъол бошанд, ба ҳар як сангафкании иғвоангезон вокуниши сареъ ва сазовор нишон дода, ҳамрадиф, тараққиёти кишварро боз ҳам возеҳтар муррифӣ кунанд”.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор ҷавонони шуҷоъу ватандӯст Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанвӣ тақдим карда шуд.

Бо ҳамин кори конфронси ҳизбӣ таҳти унвони “Ватандӯстӣ аз оила сарчашма мегирад” ба кори худ хотима бахшид.

Related Articles

Leave a Comment