Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
189 views

Наврӯз яке аз идҳои қадимтарини тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар сарчашмаҳо омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт, подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Санаи 16-уми март дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Наврӯз-унсурҳои ҷудоинопазирӣ фарҳанги миллӣ” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар саҳни донишгоҳ донишҷӯёни ҳар як факулта хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо расми арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд. Ҳайати комиссияи тадорукотӣ аз дастоварду намоиши фарҳангии донишҷӯёни факултаҳо дидан карданд. Дар хони наврӯзии факултаҳо риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд.

Баъд аз тамошои хони идона ва дастовардҳои факултетҳо  қисмати расмии чорабинӣ оғоз гардид. Нахуст ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрику таҳният гуфтанд. Аз ҷумла, зикр карданд: “Наврӯз, воқеан, аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш – дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғгари дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Маҳз ба ҳамин хотир, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани ҷашни Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд.”

Ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса ба хотири эҳтиром гузоштан ба суннатҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо рӯҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар донишгоҳ як қатор озмунҳо — “Олими сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол”, “Китобхони сол” ба роҳ монда шуда буд ва имрӯз ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳо ва маблағҳои пулии таъсиснамудаи раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби Хонаи маданияти Донишгоҳ ва ҳамзамон бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон Зафар Аюбӣ, Раҳматулло Ҳошимов, Фирдавс Ҳошимов, Нурулло Холов, Усмони Ҳайдар  ва Ёсамин Давлатова баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ, иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаш намуданд.

Наврӯз хӯрокҳои ба худ хосро дорост. Яке аз хӯрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак мебошад. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вақти гузоштан то ба тайёр шуданаш, ҳатто, ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо суманак бо номҳои суманаки чанголӣ, кулчасуманак, атоласуманак маъмул аст, ки бо баъзе хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Хӯроки дигари Наврӯзӣ ин далда мебошад, ки дар баъзе минтақаҳо бо номҳои даля, гандумкучак, ярма ё боч маълум аст. Далдаро асосан бо гандум ва дигар донагиҳои кӯфташуда ва гӯшт ё калапочаи гов ё гӯсфанд тайёр мекунанд.

Инчунин дар баъзе манотиқ далдаи бо алафҳои баҳорӣ тайёршударо низ вохӯрдан мумкин аст. Инчунин оши туппа (оши бурида ё атола низ мегӯянд), атолаи наскӣ (асосан аз наск ва алафҳои баҳорӣ тайёр мешавад), далда ба шир, гандум ва ғайра аз хӯрокҳои маъмули наврӯзӣ мебошад.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад.

Related Articles

Leave a Comment