Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМРО БОЯД РЕШАКАН КАРД!

ТЕРРОРИЗМРО БОЯД РЕШАКАН КАРД!

by admin
206 views

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, пайдоиши қувваҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Африқо ва дигар манотиқи олам таъкидҳои судманд менамояд.

Аз ҷумла, дар Паёми имсола оид ба ин вазъ чунин суханронӣ намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртаззод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд.

Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, бо 4 давлат ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Агарчӣ байни се давлати дар шарқу ғарб ҳамсарҳадбуда тинҷиву оромӣ ҳукмфармо бошад, аммо дар ҷануб давлати Афғонистон ноором ва мардумаш бо амалҳои ғайриқонунӣ қатлу таҷовуз, парвариш ва тиҷорати маводи мухаддир, одамфурӯшӣ, аслиҳафурӯшӣ даст мезананд. Бар замми ин аз сарҳади тоҷик убур карда, мехоҳанд маводи мухаддирро ба дигар давлатҳо интиқол диҳанд. Тайи 40 сол боз дар давлати ҳамсоя ҷангу хунрезӣ идома дорад. Аҳолии муқими Афғонистон пурра мусулмон буда, миллатҳои гуногун дар он ҷо иқомат менамоянд. Ҷанги мазҳабиву қабилачигӣ то ба ҳол идома дорад. Мардуми тоҷик ба ин аҳволи давлати ҳамсоя бетараф нестанд.

Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад.

Ҷавонӣ айёми ширини умри инсон аст, дар ин  даврон ҳар нафар дар дил орзуҳои ширин мепаварад, аммо мутаасифона на ҳар яки мо ба қади ин айёми зебо мерасему онро ба зебогиҳояш паси сар менамоем.

Бузургони мо аз қадимулайём  доимо таъкид карда мегӯянд, ки бояд дар ҷавонӣ ҳар инсон пай амалҳои наку кушанду илму ҳунар аз бар намоянд. Чуноне, ки Унсурмаолии Кайковус дар ҷое мегӯяд,  ҷавони беилиму амал ба мисли хори мағелон аст, на шоху барг дорад, ки ба худ фоида расонад. Инчунин ба дасту пои ҳама мехалад, яъне зарараш ба ҳама ҷамъият мерасад, бояд мо аз хори мағелон будан дури ҷуем дар зиндаги ва ҷомеа ҷавонони нафърасону бомаърифат бошем. Ё ин ки бузургворе дар ҷое мефармоянд.

Биё, эй нури чашму ҷони дида,

Зи ман бишнав яке панди ҳамида.

Зи илму касби обод тӯша андӯз,

Дигар илму забони аср омӯз.

Ба илми дунявӣ кӯшиданат беҳ,

Аз ин оби бақо нӯшиданат беҳ.

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми мо аз гузашта то имрӯз илмдӯсту ҳунардӯст буданд ва мо  ҷавонони имрӯзро низ ба ин роҳ талқин менамоянд. Вале мутаасифона тарбият ноаҳро чун гирдакон дар гунбад аст, мегӯяд яъне   ҷавоне  ки нафаҳмад, ақли расо надошта бошаду  дарк кардан нахоҳад тарбият чармағзеро мемонад, ки ҳар чанд кушиш мекуни ки ба ӯ фаҳмони вале фодае надорад.

Имрӯз ҳам ҳастанд ҷавононе, ки тарбия барои онҳо ба мисли ҳамон гирдак ва ё чормағз асту онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомил шуда,  ҷони худ ва дигаронро ба хатар меандозанд.

Калимаи терроризм ё террорист ҳама дарк мекунанд ва солҳост, ки бо амалҳои даҳшатафканӣ ҷомеаи ҷаҳон ба мубориза баромадааст. Синоними истилоҳи эктремизм калимаи арабии ифрот аст, ки маънояш аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан (намудан) аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан мебошад. Яъне, ҳар шахсе, ки асабӣ ва сарзада аст ва аз рӯи эҳсос доим қарор мебарорад ва бе андеша сухан мекунанду ҳукм кардан ба ҳар коре шуғли ӯст, ифротӣ аст.

Тероризму экстрмизм ин ду мафҳум тай чанд соли охир зеҳну шуури мадумро гирифтор кардааст. Бисёре аз кишварҳои тарақикардаи ҷаҳон аз дасти ин гуна диндорону дасисабозон оромии худро аз даст додаанду ҳатто баъзе давлатҳоро шаҳрҳои ободу зебояшон  аз гулистон ба гӯристон мубадал гаштаанд, ки ин миллати бофарҳангу тамадунофари тоҷикро  ором   намегузорад.

Албатта пеш аз оне, ки мо миллат ҳастем,  инсонем бинобарин, ин масъала   моро бетараф гузоштан намемонад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин кори гурӯҳҳои ифротгаро  дар байни давлатҳои пурқудрат аз соҳои 90-уми садаи гузата, то имрӯз идома дорад ва ҳадафи онҳо ба даст овардани давлат, пулу мол ва сарват аст, ки ин амали онҳо  ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ табдил додаст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳама давру замон ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷамият ба ҳисоб мераванд ва онҳо низ медонанд, ки ба воситаи ин қувва яъне ҷавонон амалҳои ғаразноки онҳо ҷомаи амал мепӯшад. Давлати моро  ки 70-фисадашро ҷавонон ташкил медиҳад ин аз  мо масъулияти бештаре талаб мекунад, ки ин нерӯи созандаи ҷомеъаро дар роҳи ҳифзи ватан, дӯстдоштани марзу буми он, худшиносию худогоҳӣ тарбият намоем.  Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Рамазон РАҲИМОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment