Home ХАБАР ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
122 views

Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16-уми марти соли 2023 таҳти рақами №49 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Расулова Лутфия, декани факултет, Назарзода Бахтиёр, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Муҳаммадҷони Абдувоҳид, сармутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Гулов Рустам, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда суҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.

Related Articles

Leave a Comment