Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз санаи 11.04.2023 то 14.04.2023 «Ҳафтаи илм» эълон шудааст. Аз ин рӯ, имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Дар конфронс ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, раёсат ва дигарон ширкат варзиданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оид ба натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 суханронӣ намуда, зикр намуданд: “Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навбатии рушди давлатдории миллӣ, бо назардошти истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди ояндаи дурахшон барои наслҳои оянда, дар назди мо аҳли илму маориф вазифаҳои мушаххас гузоштаанд.
Моро зарур аст, ки фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро бо масъулияту садоқати бештар ва синасӯзона ба роҳ монда, вазифаи асосии хеш – омодасозии мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва таъминкунандагони рушди устувори кишварро сарбаландона иҷро намоем”.
Инчунин зикр гардид, ки дар соли 2022 13 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар рисолаи доктории хешро дифоъ намудаанд (Ашӯрова Нодира ва Назарзода Пиралӣ Сафар). Мавриди зикр аст, ки дар 8 соли охир дар донишгоҳ ҳимояи рисолаҳои докторӣ ба қайд гирифта нашуда буд.
— Ин дастовардро сараввал ба худи устодон ва сипас ба кулли коллективи олимону омӯзгорони донишгоҳ табрик мегӯям.
Хушбахтона, аз аввали соли 2023 то имрӯз 11 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 8 нафар барои ҳимоя то моҳи июни соли ҷорӣ иҷозат гирифтаанд.
Ҳамзамон, 34 нафар унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои худро таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба Шӯроҳои дифоъ қарор доранд, — зикр кард ректори донишгоҳ.
Сипас Назарзода Пиралӣ Сафар, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент дар мавзӯи “Ҷараёнҳои динӣ экстремистӣ-террористӣ дар Осиёи Марказӣ”, Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавзуи “Зуҳури таҳаммулпазирӣ дар амалияи журналистӣ”, Мирзоев Азиз, муаллими калони кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва обу иқлими сайёраи Замин”, Насруллоев Асомиддин, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими факултети химия ва биология дар мавзуи “Нақши саноати металлургӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар”, Абдулаҳадова Умеда, донишҷӯи курси чоруми факултети физика ва математика дар мавзуи “Электроника ва таҳқиқот дар соҳаи масолеҳшиносӣ” суханронӣ намуданд.
Сипас, ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои саҳми муносиб гузоштанашон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ба донишҷӯёне, ки дар озмуни донишгоҳии расму тасвирҳои беҳтарин дар мавзуи пиряхҳо, чашмаҳо ва табиати зебои Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷойи номоёнро ишғол карда буданд, бо сипоснома, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокироти профессорону омӯзгорон ба анҷом расид.
Кор дар бахшҳо аз нисфирӯзӣ оғоз гардид.