Home ХАБАР ОҒОЗИ ТРЕНИНГИ ТИҶОРАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ОҒОЗИ ТРЕНИНГИ ТИҶОРАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
140 views

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамии инклюзивӣ», ки аз тарафи ташкилоти Good Neighbors International дар Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо татбиқ гардида истодааст, тренинги тиҷоратӣ оғоз гардид. Лоиҳаи мазкур самтҳои афзалиятноки рушдро бо мақсади дар амал татбиқ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба нақша гирифтааст.

Дар оғози кори тренинг муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Шарофат Худойдодова оид ба муҳимияти аз худ намудани донишҳои зарурӣ доир ба технологяҳои рақамӣ таъкид намуданд, ки дар замони муосир ҳаёти инсонҳоро бе истифодаи техника ва технология тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро шабакаи глобалии интернет ва дигар воситаҳои иртиботӣ як ҷузъи таркибии рӯзгор гардиааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тренинг 8 рӯз идома ёфта, донишҷӯён баъди гирифтани маълумоти зарурӣ соҳиби Сертификат мегарданд.

Related Articles

Leave a Comment