Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16-уми марти соли 2023 таҳти рақами №49 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Амиров Файзуллохуҷа, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Назарзода Бахтиёр, мудири шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Абдусамадзода Эраҷ, декани факултет, Муҳаммадҷони Абдувоҳид, сармутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда суҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.