Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ НАЗАРИЯВӢ

by admin
324 views

Чуноне ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23.12.2022 омадааст: “Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабуллоҳи Рӯдакӣ барои дар амали татбиқ намудани ин дастурҳои роҳбарияти давлат як қатор чорабиниҳоро ба роҳ мондааст. Дар робита ба амали намудани ин иқдомот имрӯз дар имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди назариявии ассисенти кафедраи таҳлили математики ва назарияи функсияҳо Мухторова Шоира дар гурӯҳҳои таълимии 203-204-и ихтисоси математика дар мавзуи “Интегралҳои дукарата” баргузор гардид.

Дар дарс мудири кафедра номзади илмҳои физика математика Каримова Назокат, дотсенти кафедра номзади илмҳои физика математика Абдулазизов Абдулҳаким, муаллими калони кафедра Кулобиев Мирзо ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Дарсро муаллима Мухторова Шоира оғоз намуда, қайд карданд, ки интеграл яке аз муҳимтарин мафҳумҳои таҳлили математикӣ, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳо ба вуҷуд меояд мебошад. Соддашуда, интегралро метавон ҳамчун аналоги ҷамъ барои шумораи беохири шартҳои беохир хурд муаррифӣ кард. Вобаста ба фазое, ки интеграл дар он дода мешавад, интеграл метавонад дугона, сегона, қубурӣ, сатҳӣ ва ғайра бошад. Ба таърифи интеграл низ равишҳои гуногун мавҷуданд — интегралҳои Риман, Лебег, Стиелтьес ва дигарон мавҷуданд.

Ҳамчунин дар рафти дарс миёни донишҷӯён ва муаллима саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар маҷмуъ, дарс дар сатҳи хуб гузашт ва донишҷӯён тавонистанд, ки дар доираи мавзуъ маълумотҳои заруриро аз худ кунанд.

Related Articles

Leave a Comment