Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ — ИН ТАҲДИД БА ИНСОНИЯТ

ТЕРРОРИЗМ — ИН ТАҲДИД БА ИНСОНИЯТ

by admin
129 views

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеи имрӯза хатарҳои глобалӣ ва таҳдид ба инсоният бо нақшаҳои нави ба ақли инсон намеғунҷидагӣ рӯи кор омада истодааст. Ҳамаи ин гӯё бо қувваҳои аҳриманӣ идора карда мешавад. Барои ба муқобили қувваи шарр (бадӣ) по ниҳодан инсониятро зарур аст, ки тамоми қувваю дониши худро истифода барад.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, пайдоиши қувваҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Африқо ва дигар манотиқи олам таъкидҳои судманд менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола оид ба ин вазъ чунин суханронӣ намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад”.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Барои бархе аз давлатҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатӣ, вале барои дигарон терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқӣ ва предмети манфиатҳои асосии онҳо ба ҳисоб меравад. Терроризм натиҷаю оқибати фаъолияти муассисаю идораҳои расмии давлатҳои сатҳи гуногун мебошад. Дар заминаи чунин муносибат амалҳои зиддитерроризм имконпазир мегарданд. Вобаста ба ин, ҷаҳолати терроризм афзун гашта, ба низоми сиёсию қаноат намекунад. Вале, бар ивази ҷазо ба он гузашт мекунад, мӯҳлати амалиётро дароз намуда, хоҳиши истифода намудани онро ба манфиатҳои худ мувофиқ мегардонад. Чи хеле, ки маълум гашт дар ин ҳолат низ манфиатҳо дар доираи амалҳои террористӣ мегарданд, ҳатто аз тарафи он касоне, ки онро ба миён овардаанд. Ин зиддиятҳои нерӯҳои сиёсӣ ва ҳокимиятдорон мебошад. Акнун масъалаи асосӣ на дар муборизаи зидди терроризм, балки дар бартараф намудани муқовимати манфиатҳо зоҳир мегардад. Аммо ин амали хеле душвор аст.

Маҷмуи принсипҳои асосии муборизаи зидди экстремизм ва терроризмро риояи санадҳои байналхалқӣ, истифодаи дурусти низом ва сиёсати давлатҳо, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз руи адолат муносибати дутарафа намудан бо қувваҳои сиёсӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳониро бояд оқилона истифода намуд. Барои он ки муборизаи зидди экстремизм ва терроризм самаранок бошад, зарур аст, ки қувваҳои сиёсие, ки терроризмро ҳамчун методи амалӣ гаштани мақсадҳои худ истифода мебаранд, ошкор гарданд.

Дар фароварди сухан чунин хулоса кард, ки роҳи расидан ба хештаншиносии миллӣ ва дар ин замина таъмини ваҳдати миллӣ аз самте гузар дорад, ки ҳар як зиёии кишвар бояд масъулияти худро, барои пойдории давлат ва ваҳдати миллии он эҳсос намуда, бар зиддӣ нотавонбинони миллат, хосатан ба терроризму экстремизм дар мубориза баранд. Сарнавишти ҳар як қавму миллат дар дасти худи ӯст. Тақдири ҳеҷ қавме ба худии худ тағйир намеёбад, магар он ки қавм худ сарнавишти хешро тағйир надиҳад. Дар воқеъ, онҳое ки оромиву суботи мардум, хосатан хонадони худро бихоҳанд, лекин дар андешаи амну осоиши мардумони кишвар набошанд, ҳамчунин ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишвараш бетараф бошанд, дар шумори фарзонафарзандони миллат, ки ҷони худро баҳри озодиву суботи Ватан нисор менамоянд, дохил нестанд.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавию душвор муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаи ҳифзи симои миллӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ ва маърифатӣ ҳуқуқии кишвар, хусусан ҷавонон, диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Вазирзода Дилором, ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment