Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар донишгоҳ озмунҳои “Олими сол”, “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол”, “Китобхони сол” тасдиқ ва баргузор гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории озмунҳо ин ҳавасмандгардонии сохторҳои донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани мақоми онҳо, ҳавасманд намудани онҳо дар рушди қобилияти илмию эҷодӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботии муосир, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад.
Санаи 16-уми марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳ озмунҳои болозикр ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО:
“Олими сол-2022” — аз рӯйи ин номинатсия устодони зерин ғолиб шуда, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ қадрдони гардиданд.
- Абдуллоев Маҳмуд, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик
- Ғуломов Ислом, профессори кафедраи математика ва методикаи таълими он
- Иззатова Муҳаббат, профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ
“Факултети сол-2022” — дар ин озмун ду факултет ғолиб баромада, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
- Факултети молиявию иқтисодӣ
- Факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилаӣ
“Кафедраи сол-2022” — аз рӯйи ин номинатсия кафедраи зерин ғолиб дониста шуд ва бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ гардид.
- Кафедраи адабиёти тоҷик
“Омӯзгори сол-2022” — аз рӯйи ин номинатсия устодони зерин ғолиб гардида, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
- Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик
- Саидов Муҳаммад, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ
- Сафарзода Мунир, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг
“Куратори сол-2022” — дар ин номинатсия се муаллим ғолиб дониста шуданд ва бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
- Иброҳимова Рухшона, ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ
- Муродов Ҷамил, ассистети кафедраи журналистика
- Саидова Малика, муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он
“Донишҷӯи сол-2022” – ғолиби ин номинатсия донишҷӯи зерин гардида, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.
- Тошматов Хусрав, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ихтисоси рӯзноманигорӣ
“Варзишгари сол” — ғолиби ин номинатсия бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.
- Муродзода Абубакр, донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоӣ ҳарбӣ
“Китобхони сол-2022” – ғолиби ин озмун се нафар донишҷӯёни Донишгоҳ гардида, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
- Давронова Савсан, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика
- Мадасани Азизмад, магистранти соли якуми факултети иқтисод ва идора
- Эмомов Сулаймон, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи рус