Санаи 9-уми март дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ филми мустанади “Хиёнат”-ро, ки аз ҷониби шабакаи давлатии “Тоҷикистон” омода шудааст, манзури донишҷӯён гардонида шуд.
Мақсад аз тамошои ин филм миёни донишҷӯён масъалаи тарғиби ҳушёрии сиёсӣ, ватанпарастию худогоҳии миллӣ, маҳкуми ҷаҳолату терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон мебошад.
Пас аз тамошои филми мазкур иштирокдорон фикру андешаҳои вобаста ба он баён доштанд. Донишҷӯён аз амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) огоҳ шуданд.