(Шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон)
***
Чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? Талоши посух ба ин саволҳо ё шарҳе мустанад бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзи бо Қирғизистон
***
Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, ИМКОНИ АЗ ЯК МАСЪАЛАИ МАҲАЛЛИЮ БАЙНИДАВЛАТӢ БА ЯК БАҲСИ КАЛОНИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТАНИ ОНРО БОЗ ҲАМ БЕШТАР НАМУДААСТ. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст.
Ин аст, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.
Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, бо мақсади саҳмгузорӣ дар тақвияти огоҳӣ ва зарфияти ҷомеа дар ин самт, пажӯҳиши мухтасаре дар боби асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ дар ин баҳс пешкаш мегардад. (Ҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва ҷуғрофии ин баҳс дар навиштаҳои дигар оварда шудаанд.)
Албатта, то ин лаҳза ба шарҳи ҳуқуқии мавқеи Тоҷикистон низ аз сӯи баъзе муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла ҳуқуқшинос Маҳмуд Абдуллоев таваҷҷуҳ гашта, дар навиштаҳои эшон маълумот ва андешаҳои арзишманд дар ин самт ироа шудаанд. Аммо мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад. Яъне он амалан ШАРҲИ «ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ИН НИЗОСТ. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзӯъ асос қарор диҳад.
***
1. БАЁНИ СОДАИ МОҲИЯТ ВА МАНТИҚИ НИЗОИ МАРЗӢ
БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.
Барои тасаввури дақиқ дар бораи миқёс ё паҳнои ҷуғрофии баҳс, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз ДАҲ ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин минтақаи азим меравад.
Агар дар мисоли берунӣ бингарем, ин заминҳои ғасбшуда қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург дар Аврупо, ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн дар Осиё мебошанд.)
Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд. Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркибӣ давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод. Бо касби истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври расмию ниҳоӣ муайян кардани сарҳади байни ду давлати мустақил пеш омад. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, АЗ ҚИРҒИЗИСТОН ТАЛАБ ДОРАД, КИ ЗАМИНҲОИ АЗ ҲИСОБИ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИХТИЁРИ ХУД ДОШТАРО БАРГАРДОНАД.
То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд…
Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)
Илова бар ин, ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ вилояти нави Боткандро (Баткент) таъсис намуда, бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҳавзаи махсуси ҳарбиву мудофиавӣ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ моҳияти ҳарбиву сиёсӣ мебахшад. Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон) бо додани имтиёзҳои бисёр зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои аҳолинишини қирғизӣ ба таври мақсаднок зиёд карда шавад. Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи осонтар кардани ҳалли масъала, имкони ба низои мусаллаҳи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад…
Моҳияти асосӣ ва соддаи баҳси марзии байни ду давлати ҳамсоя чунин аст.
2.БАҲСИ ҲУҶҶАТҲО ДАР МАСЪАЛАИ МАРЗ:
Ё «ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ» ЧИСТ?
Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, баҳси ҳуҷҷатҳост. Моҳият ва аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, то МАВЗӮИ ГУФТУГӮҲО МУШАХХАС ГАШТА, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Ё маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта, роҳи ҳалли мушаххасе ба даст ояд. Яъне, бо доштани «ҳуҷҷати такягоҳӣ» баргузорӣ ва идомаи музокироти мушаххас ва барқарории адолат номумкин аст.
Аммо раванди гуфтугӯҳо нишон медиҳад, ки ду ҷониб дар масъалаи ҳуҷҷатҳо ихтилофи усулӣ доранд.
Муҳимтарин баҳси ҳуҷҷатии ин раванд мушаххас кардани «ҳуҷҷати такягоҳӣ» ё ҳуҷҷатҳои бунёдии расмию қонунии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар аст. Мувофиқи назари Тоҷикистон, ки асоси қавии таърихӣ, ҳуқуқӣ ва мантиқӣ дорад, «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ БАЙНИ ДУ КИШВАР» ТАНҲО ОН ҲУҶҶАТЕ МЕБОШАД, КИ ТАМОМИ РАВАНД ВА РАСМИЁТИ (ПРОТСЕДУРАИ) ТАСДИҚИ РАСМИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БАЙНИДАВЛАТӢ ДАР МАСЪАЛАИ САРҲАДМУАЙЯНКУНИРО ГУЗАШТА, ҲАМЧУН САНАДИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ БАЙНИ ДУ КИШВАР ЭЪТИРОФ ШУДА БОШАНД. Яъне, санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии муваққатӣ ё ҳатто, доимии заминҳо ҳосил шудаанд ва расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро нагузаштаанд, наметавонанд ҳамчун «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ» эътироф шаванд. Ҳатто санадҳои расмие, ки яке аз ҷонибҳо БА ТАВРИ ЯКҶОНИБА дар сатҳи давлатии худ қабул намуда, аз тарафи ду давлат расмиёти заруриро нагузаштаанд, низ наметавонанд асоси муайянкунии сарҳадҳои давлатӣ қарор гиранд. Ин мавқеи қатъии ҷониби Тоҷикистон аст.
Зарурати амалии истодагии Тоҷикистон бар ин асл дар он аст, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон 211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ(1), табодули замин байни колхозу совхозҳо(2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо(3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ(4), ҳолатҳои фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун(5), протоколҳои комиссияҳои муштарак(6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ(7) ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд…
Як «нуқтаи қувват»-и ҷониби Қирғизистон низ маҳз ҳамин аст, ки барои ба истифодабарии он вогузор шудани бахше аз ин заминҳо дар ихтиёри кишвари ҳамсоя санадҳои маъмурию маҳаллии гуногунсатҳ вуҷуд доранд.
Аммо «нуктаи қувват»-и Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ яке аз ин санадҳо, ки байни шахсону хоҷагиҳою минтақаҳою идораҳо дар бораи истифодаи заминҳо ба имзо расидаанд, расмиёти зарурии давлатиро нагузашта, ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ЭЪТИРОФ НАШУДААНД. Аз ин рӯ, ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун санадҳои истифодаи замин дар марҳилаҳои гуногун барои истифодаи муваққатии заминҳои мушаххас асос шудаанд, аммо ҳеҷ яки онҳо эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати расмии байнидавлатиро надошта, наметавонад барои тағйир додан ва муайян кардани марзҳои байнидавлатӣ асос қарор дода шавад.
Ин аст моҳияти мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи «ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ».
Аммо ҷониби Қирғизистон аз чунин гузоштани масъала ё эътирофи ин воқеият манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунад. Аз ин рӯ, ҷониби Қирғизистон дар музокироти марзӣ санадҳои гуногунқурби давраҳои гуногунро, ки асосан ба додугирифти байни хоҷагиҳо(1), истифодабарии муваққатии заминҳо(2) ё ба таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ(3) дахл доранд, ҳамчун асос пешниҳод мекунад. Бо ин кор Қиргизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёр доштаи худро расмияти ҳуқуқӣ бахшад.
Аммо мушкил дар он аст, ки:
Якум, ҳеҷ яке аз ин санадҳо қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишварро надоранд.
Дуввум, дар сурати ба ин «асос» ё тарзи гузориши масъала розӣ шудани Тоҷикистон, аксари заминҳои мавриди баҳс ба таври «қонунӣ» ба Қирғизистон тааллуқ мегиранд. Ин ҳолат на ба ҳақиқати таърихӣ, на ба асосҳои ҳуқуқӣ ва на ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯй нест.
Ин аст моҳияти баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду кишвар.
3.ТАЛАБОТИ КОНСТИТУТСИЯИ СССР ДАР БОРАИ ҚОНУНӢ ШУДАНИ САРҲАДИ БАЙНИ ҶУМҲУРИҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ЧӢ БУД?
Асоси ҳуқуқӣ барои эътибори расмӣ ва давлатии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи марзҳо дар он аст, ки онҳо бояд дар доираи муқаррароти Конститутсияи ИҶШС дар ин масъала қабул ва тасдиқ гашта бошанд. Зеро, Конститутсияи ИҶШС барои тағйир додани сарҳади давлатии ҷумҳуриҳои узви ИҶШС аввал розигии худи ин ҷумҳуриҳо (дар шакли санади давлатӣ) ва сипас, қабули қарори дахлдор аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии ИҶШС-ро талаб мекард. Танҳо дар ин ҳолат, як ҳуҷҷат метавонист қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳад байни ҷумҳуриҳоро гирад. Ин талабот дар бораи чӣ гуна тағйир додани марзи байни ҷумҳуриҳо дар тамоми Конститутсияҳои ИҶШС, ки дар солҳои гуногун, аз ҷумла солҳои 1924, 1936 ва 1977 қабул шуда буданд, такрор шудааст, ки нишонгари аҳаммият ва қатъияти он аст.
Ба таври мушаххас, мувофиқи банди «б»-и Конститутсияи ИҶШС аз 31 январи 1924 танзими масъалаҳои тағйир додани сарҳад байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд.
Банди «д»-и моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС аз 5 декабри соли 1936 низ масъалаи тағйир ва тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои шӯравиро ба салоҳияти ИҶШС гузошта буд. Дар моддаи 18-уми он ба таври қатъӣ омадааст, ки «БЕ РОЗИГИИ ХУДИ ҶУМҲУРИҲОИ УЗВИ ИТТИҲОД ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДҲОИ ОНҲО МУМКИН НЕСТ.»
Тибқи банди 2-юми моддаи 73-уми Конститутсияи ИҶШС аз 7-уми октябри соли 1977 низ масъалаи тағйиру тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Моддаи 78-уми он низ талаб мекард, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо бо розигии худи ин ҷумҳуриҳо тағйир дода шуда, барои расмият ёфтан ҳатман аз ҷониби ИҶШС тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамин талаботи катъӣ дар бораи розигии ҳатмии ҷумҳуриҳо барои тағйир додани сарҳадҳояшон, дар Конститутсия ҶШС Тоҷикистон низ ҷой дода шуда буд. Аз ҷумла, дар моддаи 2-юми Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 муқаррар шудааст, ки ҳудуди ҶШС Тоҷикистон наметавонад бе розигии он тағйир дода шавад. Конститутсияҳои минбаъдаи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1931 (моддаи 29) ва солҳои 1937 ва 1978 (моддаи 15) низ муайян мекарданд, ки тағйир додани сарҳади давлатӣ бе розигии худи Тоҷикистон мумкин нест. Ҳамин талабот дар бораи тарзи тағйири сарҳади ҷумҳуриҳо дар конститутсия ҶШС Қирғизистон низ омада буданд.
Хулоса, дар давраи Шӯравӣ барои тағйир додан ё муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳо талаботи зерин вуҷуд дошт:
1.Қабул шудани қарори дахлдор аз ҷониби мақоми олии ҳокимияти давлатии худи ҷумҳуриҳо (ҳар як ҷониб ба таври ҷудогона);
2.Қабул шудани қарор бо розигии тарафҳо;
3.Тасдиқ шудани қарорҳои ҷумҳуриҳо аз ҷониби мақоми олии ҳокимияти давлатии ИҶШС, яъне қарори мақоми олии қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.
4.«ҲАҚИҚАТИ ТОҶИСТОН» Ё ҲУҶҶАТҲОИ ТАКЯГОҲИИ ТОҶИКИСТОН КАДОМАНД ВА ҚУРБИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО ЧИСТ?
Тавре зикр шуд, дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати такя ба ин ҳуҷҷатҳо чунин аст:
1.«Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.
2.Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузшта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд.
3.Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.
4.Агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, ВАЗЪИЯТИ САРҲАДҲО БА ҲОЛАТИ ТАЪРИХИИ ТО БАРҚАРОРИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ БАРМЕГАРДАД. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад. Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзӯъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳои мазкур, ГАРЧӢ АЗ НАЗАРИ САРНАВИШТ ВА ҲАҚҚИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН ДАР МИНТАҚА ҲАРГИЗ ОДИЛОНА НЕСТАНД, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзӯият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд.
Ба ин тариқ, «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932», ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ ба онҳо таъкид мекунад, танҳо ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки метавон дар масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ байни ин ду давлати ҳамсоя ба он такя намуд.
МОҲИЯТИ ИН ҲУҶҶАТҲО ЧИСТ?
Зери ибораи «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» маҷмуаи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924–1927 дар Осиёи Миёна дар назар дошта шудааст, ки пас аз анҷоми тамоми расмиёт дар тамоми зинаҳо, 1-уми январи соли 1932 бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва Қарори Кумитаи иҷроияи Марказии (КИМ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гаштаанд.
Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Русия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (соли 1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.
Ба таври дақиқтар, 24-уми ноябри соли 1924 аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади амалӣ сохтани нақшаи тақсимоти миллию маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нав «КУМИТАИ БАРҲАМДИҲИИ ОСИЁИ МИЁНА» (Среднеазиатский ликвидационный комитет) таъсис гашт, ки то 17-уми марти 1925 корҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатгузории тақсими ҷумҳуриҳои навтаъсисро анҷом дод. (Истифодаи мустақими истилоҳи «ликвидатсия» ё азбайнбариву барҳамдиҳӣ дар мавриди минтақа ва кишварҳои онвақтаи он низ маънои хеле рамзӣ ва ҷолиб дорад.) Дар асоси хулосаҳои ин кумита, 29-уми сентябри соли 1925 Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон, ки дар он давра Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати ин ҷумҳурӣ буд, сарҳади давлатии байни ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Федеративии Русияро, ки дар он давра Қирғизистони имрӯза ҳамчун «Вилояти мухтори Қароқирғиз» ба ҳайати он шомил мешуд, тасдиқ намуд. Дар айни замон, 9-уми ноябри соли 1925 Президиуми КИМ Умумирусиягӣ сарҳади байни ҶШС Федеративии Русия ва ҶШС Ӯзбекистонро дар ҳамон ҳудудҳои муайяннамудаи комитаи зикршуда эътироф ва тасдиқ кард. Ҳамин тавр, тақсимоти соли 1924 тамоми расмиёти муқарраршудаи давраи шӯравиро гузашта, расмияту қонунияти зарурӣ пайдо намуд.
Яъне, сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳануз дар давраи ҳамчун воҳидҳои худмухтор дар таркиби Ӯзбекистон ва Русия буданашон ба расмият дароварда шудааст. Қисмати сарҳад дар минтақаи Хуҷанд бошад, ҳануз дар соли 1929 дар давраи аз таркиби Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гузаронида шудани он расмият ёфтааст ва дар раванди интиқол сарҳади он бо Қирғизистон (Русия) нисбат ба сарҳади муайяншудаи Русия ва Ӯзбекистон тағйир наёфтааст.
Бахши сарҳади байниавлатӣ дар минтақаи Мурғоб низ дар раванди таъсиси ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба таври ниҳоӣ тасдиқ шудааст ва ин минтақа аз 2-юми январи соли 1925, яъне баробари таъсиси ВМКБ ба таркиби Тоҷикистон шомил буда, нисбат ба он ҳеҷ баҳсе вуҷуд надорад. Изҳороти баъзе намояндагони ҷониби Қирғизистон дар бораи ин, ки «агар ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 такя кунем, он вақт Мурғоб ҷузъи қаламрави Қирғизистон буд», комилан беасос буда, баръакси ин, маҳз тибқи ҳамин ҳуҷҷатҳо Мурғоб ҷузъи таркибии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, ин бахши сарҳад ҳам расмияти сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам расмияти сатҳи ниҳоди олии қонунгузори ИҶШС-ро гузаштааст. Яъне, масъалаи «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» ҳаргиз баҳси Мурғобро ба вуҷуд оварда наметавонад.
уқтаи муҳимме, ки оғоз ва собиқаи баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро нишон медиҳад, ин аст, ки баробари тасдиқи марзҳои ҷумҳуриҳо дар соли 1925, ҷониби Қирғизистон (ҳанӯз дар ҳайати Русия) нисбат ба марзҳои муайяншуда дар минатқаҳои Сулюкта ва Исфара эътироз намуда буд. Маҳз дар натиҷаи баррасии ин масъала, бо қарори мақоми олии қонунгузории ИҶШС Сулюкта ба ҳайати ҶШС Федеративии Русия (Қирғизистон) гузаронида шуда, Исфара ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон дар ҳайати он буд, монда шуд. Яъне, дар ин баҳс низ Исфара (бо фарогирии заминҳояш то Ворух) ҷузъи Тоҷикистон боқӣ монд.
Ин қарори муштарак, ки бо розигии тарафҳо ба даст омада буд, 4 майи соли 1927 аз тарафи президиуми КИМ ИҶШС ба таври ниҳоӣ тасдиқ гашт. Дар пайи он Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон аз 23-юми майи соли 1927 қарори КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд. Дар қадами баъдӣ, Президиуми аллакай ҶМШС Қирғизистон (ҳамчун узви Федератсияи Русия) аз 7-уми июни соли 1927 қарорҳои президиумҳои КИМ Умумирусиягӣ аз 3-юми май ва КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд.
Ин қарори Президиуми ҶМШС Қирғизистон, аз ҷумла ҳамчун бахши таркибӣ ва пайвастаи Исфара ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани минтақаи Ворухро бо 3,5 ҳазор аҳолӣ низ дар бар мегирифт, ки он муҳимтарин ва асоситарин ҳуҷҷат барои эсклав ё ҷазира набудан ва пурра ба Тоҷикистон пайваст будан ва тааллуқ доштани Ворух мебошад. Маҳз дар муқоиса бо ин ҳуҷҷати расмӣ ва харитаи замимавии он метавон муайян кард, ки кадом минтақаҳо баъдан ғасб шуда, боиси амалан аз сарзамини асосии кишвар ҷудо мондани ҷамоати Ворух гаштааст. (Тасвири онро метавон дар харитаи замимашуда мушоҳида намуд.)
Санади дигаре, ки метавонад ҳамчун далели тақвиятдиҳандаи дурустии ин масъала пеш оварда шавад, Қарори Шӯрои комиссарҳои халқии (совнарком) Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1947 дар бораи тасдиқи сарҳадҳо байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки дар харита ва таснифоти он низ Ворух дар муҳосираи ҳудуди Қирғизистон набуда, ҳамчун замини пайваста ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русия ва ҶШС Ӯзбекистон мутобиқи қонунгузории ҳамон давраи ИҶШС сарҳадҳои давлатиро (байниҷумҳуриявиро) пурра муқаррар намуданд ва бо ҳамин баҳси сарҳадҳои байни ин ҷумҳуриҳо ба поён расид. Ин аст, ки ҳамин бастаи ҳуҷҷатҳо дар раванди музокирот ҳамчун «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» номида мешаванд.
Албатта, ҳуҷҷату бойгониҳо нишон медиҳанд, ки пас аз тасдиқи сарҳадҳои расмию қонунӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон (Ӯзбекистон ва Русия) дар соли 1925, дар натиҷаи дархости қирғизҳо боз чанд мавриди аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон (!) ба ҳудуди Қирғизистон дода шудани минтақаҳои алоҳида пеш омаданд. Аз ҷумла, дар ин раванд:
1.Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926 ноҳияҳои Баска-Исфана ва Чапкулук бо масоҳати умумии 180 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуданд.
2. Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 ҳавзаи ангишти Сулукта бо масоҳати 14 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуд.
3.Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 ҳудудҳои ҷамоати Замбуруч, аз ҷумла деҳаҳои Замборуч, Ҷар, Ҷизгон ва Чӯянчӣ бо масоҳати умумии 15 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудаанд.
Албатта, чун дар бораи ба Қирғизистон гузаштани ин се қитъаи мушаххас ҳуҷҷатҳои расмии сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуданд, дар сурати асоос қарор додани ҳуҷҷатҳои ин давра, ҷониби Тоҷикистон нисбат ба онҳо даъво ба миён намегузорад.
Дар ин давра (соли 1932) ҳамчунин минтақаи нисбатан хурд, яъне деҳаи Самарқандаки шаҳри Исфара аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шуда, дар ивази он деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом аз ҳудуди Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаронида шудааст, ки он низ дар асоси тавофуқи дуҷонибаи сатҳи давлатӣ сурат гирифтааст. (Ба даст оврадани ҳуҷҷати ин табодул низ ҷолиби диққат мебуд.)
Аммо дар бораи минтақаҳои баҳсӣ ё амалан ғасбшудаи дигар, аз ҷумла ҷангалзори Андараки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ бо масоҳатӣ 56 ҳазор га, бахше аз минтақаи Хистеварзи ноҳияи ҳозираи Бобоҷон Ғафуров бо масоҳати 84 ҳазор га ва минтақаҳои баҳсии шаҳри Исфара бо масоҳати умумии 61 ҳазор га ягон ҳуҷҷати расмии қонунӣ вуҷуд надошта, тибқи тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ин қитъаҳои калон маҳз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.
5. БАЪЗЕ ДАЛЕЛҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ
АСОС ҚАРОР ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927
Баъзе аз коршиносони ҳамсоя ва хориҷӣ нисбат ба бастаи «ҳуҷҷатҳои соли 1224-1927» эрод пеш овардаанд, ки онҳо ҳанӯз дар давраи дар таркиби Русия ва Ӯзбекистон будани ин давлатҳо ва пеш аз таъсиси онҳо ҳамчун ҷумҳурии узви ИҶШС қабул гаштаанд. Хусусан, танҳо дар охири соли 1936 таъсис шудани Қирғизистон ин мавзӯъро ба миён меорад.
Аммо дар ин бора бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории ИҶШС, пас аз хориҷ шудани Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон ва табдил шудани он ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1929, тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 аз тарафи Тоҷикистон ба мерос гирифта шудааст. Ин марзҳо, аз ҷумла бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 эътироф ва тасдиқ гаштаанд. Маънои ибораи «ҳуҷҷатҳои соли 1932», ки дар музокироти марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон истифода мешавад, маҳз ҳамин санади эътирофи расмии марзҳо аз ҷониби ҶШС Тоҷикистон аст.
Ҷумҳурии Қирғизистон низ пас аз хориҷ шудан аз таркиби Русия дар охири соли 1936 сарҳадҳои худ дар таркиби Русия, яъне тақсимоти то соли 1927-ро ба мерос бурда, ба таври расмӣ эътироф кардааст. Ин санадҳо имкон медиҳанд, ки ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки пеш аз таъсиси ҷумҳуриҳои шӯравии Тоҷикистон ва Қирғизистон қабул шуда буданд, пас аз таъсиси онҳо низ эътибор пайдо кунад.
Илова бар ин, агар ҷониби Қирғизистон ҳуҷҷатҳои такягоҳии солҳои 1924-1932-ро дар муайянкунии сарҳадҳо инкор намояд, дар натиҷа се қарори зикршуда дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шудани минтақаҳои Баска-Исфана ва Чапкулук (1926), ҳавзаи ангишти Сулукта (1927) ва ҷамоати Замборуч (1932) низ аз этибор соқит мешавад ва Тоҷикистон метавонад масъалаи бозгардондани онҳоро ба миён гузорад. Дар ин сурат, ҳудуди заминҳо баҳсӣ бо илова шудани 209 000 га замини ин се қитъа, аз 211000 га ба 420 000 га мерасад. Аз ин рӯ, радди ин ҳучҷатҳо ба нафъи худи ҷониби Қирғизистон низ намебошад.
Ҳамин тавр, сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА 1932», ЯЪНЕ бо санадҳои таърихӣ ва расмие чун Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 21уми декабри соли 1926, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 (дар шакли сарҳадҳои байни ҶШС Ӯзбекситон ва ҶШФС Русия) ва Қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 муайян ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ шудаанд. Харитаи сарҳадҳои байни ду ҷумҳурӣ низ дар замимаи ин қарорҳо ба таври дақиқ омадааст, ки Тоҷикистон онро асос қарор медиҳад. Ин аст, ки аз назари ҷониби Тоҷикистон «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» ягона такягоҳи дурусти ҳуқуқӣ барои муайян кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Ва охирин далели устувор барои дар масъалаи сарҳадҳои ду кишвар санадҳои ягонаи қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 ин аст, ки пас аз ихтилофи марзии соли 1989, маҳз бо хоҳиши Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҶШС Қирғизистон соли 1990 комиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС барои баррасии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади байни ин ҷумҳуриҳо таъсис гашта буд. Пас аз омӯзиши ин масъала комиссияи мазкур низ ба хулосаи ниҳоӣ расида буд, ки танҳо ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 метавонанд ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон эътироф ва истифода гарданд.
Бо вуҷуди ин, аз бойгониҳои таърихии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тақисмоти марзӣ дар лаҳзаи таъсиси ин ду ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои комиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС дар соли 1990 яке аз вазифаҳои муҳимми раванди музокирот ва мушаххассозии марзҳо ба ҳисоб меравад. Зеро ин ҳуҷҷатҳо метавонанд нуктаҳои зиёдеро равшан кунанд. Аммо чизе, ки муайян аст, ин санадҳо низ «ҳақиқати Тоҷикистон»-ро тақвият хоҳанд дод.
6.МАРЗИ МАЪМУРӢ Ё САРҲАДИ ДАВЛАТӢ? Шарҳи мақоми ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пас аз соли 1932, ки ҷониби Қирғизистон ба онҳо такя мекунад
Тавре зикр шуд, дар ин баҳсҳо ҷониби Қирғизистон ба «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» такя накарда, ба ҷойи он як силсила ҳуҷҷатҳои ҳосилшуда дар фосилаи аз соли 1932 то 1991 ва дар давраи истиқлолияти давлатии ду кишварро ҳамчун асос ба миён гузоштанӣ мешавад. Бахше аз ин ҳуҷҷатҳо дар натиҷаи муомилаҳои маҳаллӣ ва маъмурӣ дар бораи табодулу истифодаи муваққатии заминҳо ва бахши дигарашон дар натиҷаи кори комиссияҳои гуногун барои ҳалли баҳсу низоъҳои сарҳадӣ ба вуҷуд омадаанд. Зеро баҳси марзии ду ҷумҳурӣ доманадор буда, аз ҷумла солҳои 1938–1939, 1949, 1958–1959, 1961, 1971, 1987–1988, 1989, 1990 ва ғ. барои ҳалли масъалаҳои пешомадаи заминистифодабарӣ байни ду кишвар комиссияҳои муштарак таъсис дода шудаанд, ки ҳар яке ба тавре баҳсҳои мавҷударо танзим кардааст.
Мутаассифона, шояд бо назардошти дӯстии байни ду халқу ҷумҳурӣ ва ё бо назардошти дар доираи як давлат (ИҶШС) зистани ду халқ, дар рафти кори ин комиссияҳо баъзе заминҳои қонунии Тоҷикистон барои истифодаи қирғизҳо вогузор шудааст. Аммо нуктаи қатъӣ ин аст, ки пас аз соли 1932 то замони фурӯпошии ИҶШС ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи марзи давлатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ва Конститутсияи ИҶШС (солҳои 1936 ва 1977) тасдиқ нагардидааст. Ин аст, ки дар ин масъала тамоми ҳуҷҷатҳои истифодашаванда аз ҷониби Қирғизистон ҳамчун санади муайянкунандаи сарҳади давлатӣ бо мушкили расмият ва эътибори ҳуқуқӣ рӯбарӯ мебошанд.
Агар ба ин масъала ба таври мушаххас пардозем, ҷониби Қирғизистон дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон аз санадҳои даврони Шӯравӣ се даста ҳуҷҷатҳоро ҳамчун асос пешниҳод мекунад, ки моҳият ва эътибори ҳар яки онҳо чунин аст:
1.БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛИ 1949:
Ин бастаи ҳуҷҷатҳо протокол ва харитаҳои тартибдодаи комиссияҳои дуҷониба то соли 1949-ро дар бар мегиранд ва мавзӯи онҳо ҳамчун ҳудуди Қирғизистон расмият бахшидани заминҳоест, ки ҳануз аз солҳои 30-юм давра ба давра барои истифодаи муваққат аз Тоҷикистон ба Қирғизистон вогузор шуда буданд. Санади асосии ин баста мактуби расмии Шӯрои вазирони Қирғизистон ба Шӯрои вазирони Тоҷикистон аз соли 1949 аст, ки дар он ҳукумати Қирғизистон ба таври расмӣ хостори ба ҳудуди худ ҳамроҳ кардани ин заминҳои Тоҷикистон мебошад. Албатта, ХУДИ ҲАМИН МАКТУБ ВА МУРОҶИАТИ РАСМИИ ҲУКУМАТИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ХУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИН ЗАМИНҲО СОБИТ МЕКУНАД, КИ ИН ЗАМИНҲО МАҲЗ БА ТОҶИКИСТОН ТААЛЛУҚ ДОШТА, ҚИРҒИЗИСТОН НИЗ ИН ВОҚЕИЯТРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАД.
Аммо Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон дар ҷавоби расмии худ ин ҳолатро мухолифи банди «д»-и моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС (соли 1936) дониста, таъкид намудааст, ки тағйири марзҳои ҷумҳуриҳо салоҳиятҳои истисноии ниҳоди олии қонунгузории Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон ин дархости Қирғизистон дар бораи додани заминҳо, яъне бастаи ҳуҷҷатҳои соли 1949-ро рад кардааст ва онҳо аз ҷониби Тоҷикистон эътироф нашуда, расмиёти давлатӣ барои муайян кардани сарҳади давлатиро нагузаштаанд.
Далели дигари аз тарафи мақомоти давлатии ИҶШС эътироф нашудани ҳуҷҷатҳои соли 1949 ин аст, ки агар то солҳои 50-ум дар харитаҳои ду ҷумҳурӣ хатти сарҳадӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932 ба таври дақиқ нишон дода мешуд, пас аз соли 1950 дар баъзе аз ин харитаҳо марзи ду ҷумҳурӣ ба таври шартӣ ишора шуда, эзоҳ дода шудааст, ки танҳо пас аз тасдиқи давлатии натиҷаҳои кори комиссияи муштарак он дар харитаҳо нишон дода мешавад. Аммо то замони мавҷудияти ИҶШС ҳуҷҷатҳои зикршудаи соли 1949 расмияти давлатӣ наёфтанд.
Ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон дар музокироти сарҳадӣ ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ БАЙНИ ҶУМҲУРИҲО ИСТИФОДА ШУДАНИ ОНҲОРО ДУРУСТ ВА ҚОНУНӢ ҲИСОБ НАМЕКУНАД.
2.БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1958-1959:
Ин ҳуҷҷатҳо дар натиҷаи кори комиссияи дуҷониба «Оид ба ҳалли масъалаҳои обу замин байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон» ба вуҷуд омадаанд, ки бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Қирғизистон аз моҳи феврали соли 1958 ташкил гашта, ду сол фаъолият намуд. Вазифаи асосии ин комиссия на муайян ва аломатгузорӣ намудани тамоми хатти сарҳади ду кишвар, балки ҳалли баҳсҳои истифодаи обу замину чарогоҳ ва сарҳад дар қитъаҳои мушаххаси хоҷагиҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд буд. Комиссияи дуввуми муштарак аз 17-уми марти соли 1959 таъсис гашт, ки бояд ҳудудҳои байни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияҳои ҳаммарзи Ғончӣ, Нов ва Конибодоми Тоҷикистонро муайян мекард. Узви ин комиссияҳои муштарак, муовини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон Георгий Кашлаков низ қайд кардааст, ки вазифаи ин комиссияҳо на таъйин кардани хатти марз дар тамоми сарҳади ду ҷумҳурӣ, балки ҳалли масъалаҳои истифодаи дурусти обу замин дар дохили як кишвар буд.
Бар хилофи таҷрибаи нокоми соли 1949, ҷониби Қирғизистон дар солҳои 1958-1959 талоши расмият бахшидани азхудкунии заминҳои дар ихтиёрдоштаашро «аз поён» оғоз карда, аввал ба имзо шудани «шартнома» ё мувофиқатнома байни мақомоти ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканти Қирғизистон (бо имзои муовинони якуми раиси ин ноҳияҳо) ва сипас ба имзо шудани ин санад аз тарафи раисони вилоятҳои Ленинобод ва Ӯш (дар сатҳи котибони аввали вилоятҳо) муяссар шуданд. (Он вақт вилояти Бодкант вуҷуд надошт ва дар ин қитъаҳо Тоҷикистон ба вилояти Ӯш (Ош) ҳаммарз буд.) Мутаассифона, дар ин санадҳо ба масъалаи заминҳои зикршуда ҳамчун ҳудудҳои як кишвар (ИҶШС) муносибат шуда, бар хилофи санадҳои расмии солҳои 1924-1932 бахше аз заминҳои таърихӣ ва қонунии ноҳияи Исфараро барои истифода дар ихтиёри ноҳияи Баткенти вилояти Ӯши кишвари ҳамсоя қарор доданд.
Дар қадами баъдӣ соли 1959 Шӯрои вазирони Қирғизистон бо мактуби расмӣ ба Шӯрои вазирони Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки натиҷаҳои кори ин комиссияҳо ва созишномаҳои ҳосилшуда дар сатҳи ноҳияҳо ва вилотяҳоро эътироф намуда, ин заминҳоро ба ихтиёри Қирғизистон гузорад. Аммо дар ҳамон сол Шӯрои вазирони Тоҷикистон бо мактуби расмӣ дархости Шӯрои вазирони Қирғизистонро бори дигар рад карда, тағийри марзҳоро «ба таври дипломатӣ» ба ваколати мақомоти ИҶШС ҳавола намудааст.
Бинобар ин, ҳуҷҷатҳои ниҳоии комиссия соли 1958-1959 низ аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта нашуда, дар сатҳи Тоҷикистон ва ИҶШС расмиёт ё протседураҳои зарурӣ давлатӣ барои тибқи қонунгузории ИҶШС гирифтани мақоми ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИро нагузаштаанд. Яъне аз назари қонунгузории Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қурби ҳуқуқии ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ҷумҳуриҳоро надоранд.
Албатта, бо сабаби он, ки натиҷаҳои кори ин комиссия бештар ба нафъи Қирғизистон буданд, 30-юми марти соли 1961 ҳуҷҷатҳои он аз ҷониби Президиуми Шӯрои Олии Қирғизистон ба таври якҷониба тасдиқ ёфтаанд, аммо тавре ишора шуд, онҳо аз ҷониби Тоҷикистон танҳо дар сатҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ (шаҳри Исфара ва собиқ вилояти Ленинобод) мувофиқа ва имзо гаштаанд.
Вале, тавре муайян гашт, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сарҳад бояд баъди қабули қарор аз ҷониби Шӯроҳои Олии ҳар ду ҷумҳурӣ, аз ҷониби Шӯрои Олии ИҶШС низ тасдиқ мегардид. Пас, ҳамчун асоси музокироти сарҳадӣ истифода намудани ин ҳуҷҷатҳо дуруст ва имконпазир нест.
3.БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛИ 1989:
Шояд бастаи ҷиддитарини ҳуҷҷатҳое, ки ҷониби Қирғизистон дар баҳси марзӣ ба онҳо такя карданӣ мешавад, натиҷаҳои кори комиссияи дуҷонибаест, ки пас аз низоъҳои ҷиддии сарҳадӣ соли 1989 бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҶШС Қирғизистон барои муайян намудани сарҳади давлатӣ таъсис ёфт. Бо тафовут аз комиссияи соли 1958, ки асосан барои ҳалли баҳсҳои истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ таъсис ёфта буд, вазифаи комиссияи муштараки соли 1989 маҳз МУАЙЯН КАРДАНИ ХАТТИ САРҲАДИ ДУ КИШВАР ДАР ТАМОМИ ТӮЛИ ОН буд. Пас аз моҳҳои фаъолият, ин комиссия дар ҳақиқат хатту ҳолати аксари қитъаҳои марзии байни ду кишварро ба таври ҷузъию тахассусӣ тасвир намуд. (Ин аст, ки тибқи маълумоти ВКХ ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала нармиш нишон дода, барои дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчун маводи корӣ истифода намудани ин харитаву ҳуҷҷатҳо низ розигӣ додааст).
Аммо мушкили асосӣ дар он буд, ки маҳз ҳамин комиссия хатти сарҳадро бо тафовути зиёд аз сарҳадҳои расмии солҳои 1924-1927 ва 1932 тасвир намуда, дар натиҷа, бахше аз заминҳои баҳсиро ба ҳудуди Қирғизистон ҳисоб карданӣ шуда, аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон даҳ анклавро дар ҳудуди Қирғизистон муайян карда буд. Ҷониби Қирғизистон натиҷаҳои кори ин комиссияро, ки асосан ба нафъи ин кишвар буд, дар сатҳи олии қонунгузорӣ тасдиқ намуда, аз ҷониби худ ба он расмият бахшид.
Аммо Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пас аз баррасии натиҷаи кори комиссияи мазкур онро қабул ва тасдиқ накарда, бо қарори худ аз 26 октябри соли 1989, таҳти №685 ба қисми тоҷикистонии комиссия супориш дод, ки корҳоро дар самти дақиқ кардани хати сарҳади давлатӣ бо назардошти асосҳои таърихию ҳуқуқӣ, яъне ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 идома диҳад.
Ҳамин тавр, боз ҳам мутобиқи Конститутсияи ИҶШС аз 1977 ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1978 маводи хулосавии комиссияи муштараки соли 1989 «Оид ба муайян кардани гузариши хати сарҳади давлатӣ байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон» расмиёти давлатиро нагузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни кишварҳо эътибор пайдо накардааст. Сипас, бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 23 апрели соли 1991, таҳти №106 комиссияи нав таъсис дода шуд, ки вазифаи он низ баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳснок дар сарҳад бо Қирғизистон буд.
Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои кори комиссияи муштараки соли 1989 ҳатто дар Палатаи миллатҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ шунида ва баррасӣ гашта буд, аммо ин ниҳоди олии ИҶШС низ онро тасдиқ накард. Тибқи маълумотҳои такроршаванда, дар ин маврид Раиси палатиаи миллатҳои СССР Рафиқ Нишонов ба ҳукумати Тоҷикистон телеграмма ирсол намудааст, ки дар он аз бекор карда шудани натиҷаҳои кори комиссияи муштараки соли 1989 хабар дода мешавад. Ин ҳолатҳо низ нишондиҳандаи расмияти зарурии давлатӣ наёфтани ҳуҷҷатҳои соли 1989 аст.
Ҳамин тавр, баррасиҳои мушаххас бори дигар нишон медиҳад, ки ҳар се бастаи ҳуҷҷатҳое, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳуҷҷатҳои даврони шӯравӣ (1949, 1958-1959 ва 1989) барои музокироти марзӣ асос қарор доданӣ мешавад, эътибори зарурии ҳуқуқию қонунӣ надошта, ҲАМЧУН САНАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ БАРОИ МУАЙЯН КАРАДНИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ АСОС ШУДА НАМЕТАВОНАНД. Ин аст, ки ҳуҷҷатҳои солҳи 1924-1927 ва 1932 то имрӯз низ ҳамчун охирин ҳуҷҷатҳои устувор дар муайян кардани воқеияти таърихӣ ва хатти сарҳади давлатӣ боқӣ мемонанд.
7. «САРҲАДҲОИ МАВҶУДА» Ё БОЗӢ БО ҲУҶҶАТҲО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
Бо истиқлоли давлатӣ ёфтани Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз соли 1991 баҳси сарҳадӣ низ ба марҳилаи комилан нави худ ворид шуд. Акнун ду ҷониб ҳамчун кишварҳои мустақил бояд хатти сарҳадии худро ҳамчун сарҳади миёни ду давлати мустақил муайян ва эътироф мекарданд. Ду кишвар истиқлол ва ягонагии ҳудудии ҳамдигарро ба таври расмӣ эътироф намуда, шартномаи дӯстӣ ва даҳҳо санадҳои дигари дӯстиву ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Аммо ҳам ихтилофи амалӣ ва ҳам баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду ҷониб дар марҳилаи нав низ идома ёфта, ҷиддитару печидатар шуд.
Дар ин марҳила низ Тоҷикистон дар гуфтугӯҳои марзӣ ҳуҷҷатҳои соли 1924-1927 ва соли 1932-ро ҳамчун асоси муайянкунандаи сарҳадҳои давлатӣ ба роҳбари гирифт ва мегирад. Аммо ҷониби Қирғизистон як силсила ҳуҷҷатҳои давраи истиқлолро низ ба «ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ»-и худ афзудааст, ки масъаларо боз ҳам мураккабтар мекунанд.
Муҳимтарини онҳо санадҳое чун «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 8 декабри соли 1991, «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» аз 12 июли соли 1996 (ш.Душанбе), Оинномаи ИДМ, Эъломияи Алмаато аз 21 декабри соли 1991, Эъломияи Москва аз 15 апрели соли 1994 ва ғ. мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳақиқат санадҳои усулӣ ва муҳимми муайянкунандаи муносибати байни ду кишвар ва кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоб мераванд, аммо ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ асос қарор додани онҳо бисёр баҳсбарангез ва номумкин аст.
МУШКИЛИ ҲУҶҶАТҲОИ НАВИ ТАКЯГОҲИИ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ЧИСТ?
Ҳуҷҷати якум, яъне «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 08.12.1991 ҳуҷҷати таъсисии ин ташкилоти байналхалқӣ буда, усулҳои таъсисӣ, самту ҳавзаҳои фаъолият ва сохтору ҳадафҳои ИДМ ва низоми муносибатҳои байни давлатҳои узв дар доираи ин ташкилотро муайян ва танзим мекунад. Ба истилоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, мавзӯи ин созишнома танзими баҳсу масъалаҳои марзии байни давлатҳо нест ва тибқи талаботи Конвенсияи Вена дар бораи мақоми шартномаҳои байналмилалӣ (аз 23-юми майи соли 1969), ин санад аз рӯи мавзӯи худ наметавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои танзим ва ҳалли баҳси сарҳадҳои давлатӣ эътироф ва корбурд шавад. Посухи радди ҷониби Тоҷикистон барои асос қарор додани ин Созишнома, ки моҳи сентябри соли 2022 аз тарафи вазири корҳои хориҷии кишвар дар Маҷмаи умумии СММ садо дод, низ маҳз аз ҳамин иборат аст.
Шарҳи ҳуқуқии ин нукта чунин аст, ки тибқи моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 26-уми Конвенсияи Венна дар бораи мақоми созишномаҳои байналмилалӣ, ки «Рacta sunt servanda» ё ҳатмияти иҷрои созишномаҳо ном дорад, ҷониби Тоҷикистон ба тамоми санадҳои байналмилалие, ки расман эътироф намудааст, аз ҷумла ба Созишномаи таъсисии ИДМ эҳтиром ва пойбандӣ дорад. Аммо, мувофиқи банди 1-уми моддаи 31-уми худи Конвенсияи Вена дар бораи мақоми созишномаҳои байналхалқӣ (1969), «МАЗМУНИ СОЗИШНОМА БОЯД ТАНҲО ДАР ДОИРАИ МАВЗӮЪ ВА ҲАДАФИ ХУДАШ ТАФСИР КАРДА ШАВАД». Дар ин маврид бошад, худи номи Созишномаи таъсиси ИДМ(1) ва банди якуми он(2) таъкид мекунанд, ки мавзӯи ин созишнома маҳз таъсиси Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил ва ҳадафи он муайян намудани усули муносибатҳои байни давлатҳои узв мебошад. Аз ин рӯ, ба манфиати худ тафсир карда, ба масъалаи танзими баҳсҳои сарҳадӣ кашидани ин Созишнома дуруст нест.
Илова бар ин, мувофиқи Протокол дар бораи таъсиси ИДМ аз 21-уми декабри соли 1991, ки ҷузъи таркибии ин Созишнома ба ҳисоб меравад, бояд барои татбиқи Созишномаи таъсиси ИДМ механизми мушаххаси амалисозии он таҳия ва қабул мегашт. Чун ин Созишнома дар аввал ҳамагӣ аз тарафи се кишвар (Русия, Украина ва Белорус) таҳия ва имзо шуда буд, протоколи замимавии таркибӣ пешбинӣ мекард, ки бо назардошти ислоҳоти минбаъдаи кишварҳои ба он ҳамроҳшаванда ва имзокунанда, дар оянда дар асоси ин Созишнома ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибати байни кишварҳо дар самтҳои гуногун таҳия мегарданд. Аммо дар амал, то имрӯз дар асоси ин Созишнома ҳеҷ ҳуҷҷати танзимкунандаи масъалаи марзҳои байни кишварҳои узв таҳия ва қабул нагашта, банду меъёрҳои он дар сатҳи умумӣ боқӣ монданд.
Ин мавқеи Тоҷикистон, яъне радди истифодаи Созишномаи таъсисии ИДМ дар ин маврид, аз назари амалӣ низ дуруст аст, зеро дар аксари ташкилотҳои байналхалқӣ байни аъзои он низоъҳои сарҳадӣ идома меёбанд, ки низомнома ё мавҷудияти ташкилот онҳоро ба таври мустақим танзим ва ҳал намекунад. Масалан, кишварҳои Чин, Ҳинд ва Покистон ҳар се узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд ва кишварҳои узви ин созмон низ дар низомномаи таъсисӣ ягонагии арзӣ ва сарҳадҳои расмии ҳамдигарро эътироф мекунанд. Аммо узвият дар СҲШ ба худии худ масъала ва баҳси сарҳади давлатӣ байни ин кишварҳоро танзим намекунад ва ихтилофу ҷангҳои онҳо ҳамоно идома дорад. Узвият дар СҲШ аз ин кишварҳо талаб дорад, ки ихтилофҳои сарҳадиро дар рӯҳияи дӯстиву шарикӣ ҳал кунанд, аммо худи масъаларо ба таври мустақим танзим ва ҳал намекунад. Он бояд дар сатҳи тавофуқи дуҷонибаи ин кишварҳо дар ҳамин масъалаи мушаххас ҳал гардад.
Ба таври мушаххас, Созишномаи таъсисии ИДМ ва узвият дар ин ташкилот баҳсу низоъҳои сарҳадӣ байни Озорбойҷону Арманистон, Русияву Украина, Русияву Гурҷистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва ғайраро низ ҳал накардааст ва нахоҳад кард, зеро мавзӯъ ва таъйиноти ин созишнома чунин нест.
(Албатта, ҷониби Қирғизистон худ дар амал ба Созишномаи таъсисии ИДМ низ пойбанд нест, зеро талаб ва дар соли 2004 бозгирии 50 000 га замини иҷоравӣ дар водии Олой, ки дар замони фурӯпошии ИҶШС ва таъсиси ИДМ дар ихтиёри Тоҷикистон буд, далели ин воқеият аст.)
Ҳуҷҷати дигари пешниҳоднамудаи ҷониби Қирғизистон, яъне «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» низ усулҳои муносибат байни ду кишвари мустақилли ҳамсояро муайян карда, дар айни замон, масъалаи сарҳадҳои давлатии байни ду кишварро ҳал ва танзим намекунад. Албатта, ин санад, ки муносибати дӯстона ва сулҳомези байни ду кишварро пешбинӣ менамояд, метавонанд ҳамчун замина ва фазои муносиби сиёсию ҳуқуқӣ, барои ба таври осоишта ҳал шудани баҳси марзҳо кумак кунанд. Аз ҷумла, мазмуну меъёрҳои ин созишномаҳои дӯстиву ҳамкорӣ аз Қирғизистон мантиқан тақозо доранд, ки заминҳои Тоҷикистонро дӯстона баргардонда, масъаларо ба ҷангу низоъ накашад.
Ё банди 5-уми ин Аҳднома, ки ба «эътирофу эҳтироми тамомияти ҳудудии ҳамдигар» таъкид кардааст, мазмунан тақозо дорад, ки Қирғизистон ягонагии ҳудудии Тоҷикистонро дар марзҳои қонунии он эътироф карда, заминҳои қонунии Тоҷикистонро ба соҳиби аслияш баргардонад. Аммо ин ҳуҷҷатҳо асосе барои таъйин хатти сарҳад дар қитъаҳои мушаххаси баҳсноки марз буда наметавонанд.
Се ҳуҷҷати дигари пешниҳоднамудаи ҷониби Қирғизистон, яъне Оинномаи ИДМ, Эъломияи Алмаато ва Эъломияи Москва низ бо ҳамин далелҳо, яъне танзими масъалаи баҳсҳои сарҳадӣ набудани мавзӯъ ва таъйиноти онҳо, дар музокироти марзӣ қобили истифода нестанд.
Вале нуктаи калидие, ки ҷониби Қирғизистон дар ин ҳуҷҷатҳо ба он такя мекунад, дар онҳо истифода шудани истилоҳи «сарҳадҳои мавҷуда» мебошад. Яъне, аксари ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ мекунанд, ки кишварҳо ҳудуди ҳамдигарро дар доираи «сарҳадҳои мавҷуда» дар лаҳзаи фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ё лаҳзаи таъсиси ИДМ эътироф мекунанд.
Аз ҷумла, дар сархати 3-и моддаи 3-и Оинномаи ИДМ, ки 22 январи соли 1993 дар шаҳри Минск бо иштироки давлатҳои узв ба тавсиб расидааст, аслҳое чун “дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ”, “эътирофи сарҳадҳои мавҷуда” ва “худдорӣ аз ғасби ғайриқонунии ҳудудҳо” эълон шудаанд. Чун асли ҳуҷҷати мазкур ба забони русист, ин ибораҳо дар шакли “нерушимость государственных границ, признание существующих границ и отказ от противоправных территориальных приобретений» оварда шудаанд.
Дар моддаи 5 Созишномаи таъсисии ИДМ аз 8 декабри соли 1991 низ мафҳуми «сарҳади мавҷуда» («неприкосновенность существующих гарниц» истифода шудааст.
Дар бандҳои 1-ум ва 5-уми Аҳдномаи муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар низ ба аслҳое чун «дахлнопазирии сарҳадҳо» ва «эътирофи тамомияти арзӣ»-и ҳамдигар таъкид гаштааст.
Аммо ду ҷониби музокироти сарҳадӣ мафҳуми “сарҳадҳои мавҷуда”-ро ба таври гуногун мефаҳманд. Ҷониби Қирғизистон ин мафҳумро ба нафъи худ тафсир намуда, чунин мешуморад, ки “сарҳадҳои мавҷуда” сарҳадҳое ҳастанд, ки дар лаҳзаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ байни давлатҳои мустақили меросбари он ба вуҷуд омадаанд. Ба назари онҳо, ин воқеият бояд эътироф гашта, дар асоси ҳамин воқеияти мавҷуда санадҳо тарбиб дода шаванд. Бо чунин фаҳмиши ибораи “сарҳадҳои мавҷуда” қариб ҳамаи заминҳои қонунии Тоҷикистон, ки ҳоло дар ихтиёр ё ғасби Қирғизистон ҳастанд, ба Қирғизистон вогузор мешаванд.
Аммо ба назари ҷониби Тоҷикистон, ТАНҲО ҲАМОН САРҲАДЕ ЧУН «САРҲАДИ МАВҶУДА» ЭЪТИРОФ ШУДА МЕТАВОНАД, КИ БА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БО ТАРТИБИ МУҚАРРАРГАРДИДА ТАСДИҚ ШУДА БОШАНД. Аз ин рӯ, “сарҳадҳои мавҷуда” байни Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо ҳамон сарҳадҳои муайяншуда дар доираи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-12927 ва 1932 мебошанд, ки расмияти қонунӣ барои муайян кардани сарҳадро гузаштаанд.
Ин мавқеи Тоҷикистон аз назари ҳуқуқӣ дуруст буда, аз назари амалӣ ва сиёсӣ низ ба манфиати кишвар аст, зеро дар ҳолати аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гаштани ҳуҷҷатҳои дигар ё сарҳадҳои амалан шаклгирифтаи замони фурӯпошии Шӯравӣ, аксари заминҳо дар ихтиёри Қирғизистон боқӣ монда, аз ҷумла, минтақаи Ворух расман ба эксклави эътирофшуда табдил мешавад. Ҳолате, ки Тоҷикистон бо он ҳаргиз розӣ шуда наметавонад. Бинобар ин, Тоҷикистон аз фаҳмиши дурусти мафҳуми “сарҳадҳои мавҷуда” корбарӣ мекунад.
Албатта, рафти музокироти чандсола нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон ба мафҳуми “марзҳои мавҷуда” асосан дар ҳолатҳое таъкид ва такя мекунад, ки ба манфиати ин кишвар бошад. Тавре зикр шуд, масалан, дар музокироти соли 2003 ҷониби Қирғизистон талаб намуд, ки бо сабаби ба поён расидани муддати иҷора, 50 000 гектар замине, ки Тоҷикистон дар водии Олой (Мурғоб) аз Қирғизистон ба муҳлати 50 сол (аз соли 1942) ба иҷора гирифта буд, ҳатамн ба ин кишвар баргардонда шавад. Ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала ҳусни ҳамсоягӣ ва қонунписандӣ нишон дода, соли 2004 ин заминро бо тантана ба Қирғизистон баргардонд. Дар ин раванд, ҳатто ба сокинони ин минтақа ихтиёр дода шуд, ки шаҳрвандии Қирғизистонро қабул карда, ҳамроҳи ин замин ба он кишвар гузаранд.
Ин амали Тоҷикистонро баъзе аз коршиносон имрӯз гузашти бузурги якҷониба медонанд, аммо ин намуна ва ҳолат ба се нуктаи дақиқ ишора мекунад:
1.Тоҷикистон ба қарордодҳои дуҷониба бо ҳамсояҳо пойбанд монда, бо тамом шудани мӯҳлати иҷора 50 000 га замини Қирғизистонро бе ягон шарт баргардонд.
2.Аммо ҷониби Қирғизистон акнун аз анҷоми ҳамин гуна амал нисбат ба заминҳои Тоҷикистон, ки тибқи шартномаҳо ҳатмӣ ва оддист, имрӯз худдорӣ мекунад.
3.Ва муҳимтар аз ин, замини зикршуда дар лаҳзаи фурӯпошии ИҶШС ва таъсисёбии ИДМ дар ихтиёри Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, дар сурати такя ба асли “марзҳои мавҷуда дар замони таъсиси ИДМ”, водии Олой ба Тоҷикистон тааллуқ гирифта, Қирғизистон онро бояд пас диҳад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар ҳолати тақозои манфиаташ ҷониби ҳамсоя асли “сарҳадҳои мавҷуда”-ро эътироф намекунад, аммо дар мавриди заминҳои дигар онро асос ҳисоб карданӣ мешавад.
Дар баробари “баҳси ҳуҷҷатҳо”, ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс гоҳо “баҳси харитаҳо”-ро низ ба миён гузошта, нишон доданӣ мешавад, ки минтақаи Ворух ҳануз пеш аз фурӯпошии ИҶШС дар баъзе харитаҳо чун ҷазира нишон дода шудааст. Албатта, дар солҳои гуногун баъзе ниҳодҳои илмию тадқиқотӣ ва қудратию сиёсӣ харитаҳои гуногунеро ба нашр расонидаанд, ки сарҳадҳои байни ду ҷумҳуриро ба баъзе фарқиятҳо нишон медиҳад. Аммо дар ин бора бояд гуфт, ки аввалан, хатти расмии марзи давлатиро на харитаи чопи як ташкилот, балки ҳуҷҷати имзошудаи расмии давлатӣ ва байнидавлатӣ дар бораи сарҳад муайян мекунад. Илова бар ин, дар аксари ин харитаҳои даврони Шӯравӣ, хусусан дар тамоми харитаҳои Округи ҳарбии Осиёи Марказӣ, ки хусусияти дақиқи низомӣ ва топографӣ доранд, минтақаи Ворух ҳаргиз ҷазира ё эскалав набуда, то охири фаъолияти ин ҳавза (1992) ҳамчун ҷузъи пайвастаи қаламрави Тоҷикистон нишон дода шудааст. (Нигар ба замимаи №3.)
(Баръакс, ҳамин харитаҳои дақиқи ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки то соли 1975 дар минтақаи байни Хоҷаи Аъло ва Ворух нуктаи аҳолинишине бо номи Оқсой умуман вуҷуд надштааст. Ҳамчунин, дар тамоми бойгониҳои ҳуҷҷатгузории саршумори аҳолӣ ва аҳволи шаҳрвандӣ, то соли 1975 ягон нафар ҳамчун сокини деҳаи Оқсой ба қайд гирифта нашудааст. Ин ҳолат худ таърихи ғасб шудани ин заминҳо Тоҷикистон ва сохтани нуктаҳои нави аҳолинишин дар онҳоро ба хубӣ нишон медиҳад.)
8.АММО «БОЗӢ БО ҲУҶҶАТҲО» ЧӢ ТАВР СУРАТ МЕГИРАД?
Мақсад аз истифодаи ин ибора дар нисбати рафтори намояндагони кишвари ҳамсоя дар он аст, ки мутаассифона, дар тӯли гуфтугӯҳои марзӣ ҷониби Қирғизистон мавқеи худро на танҳо ба масъала, балки ҳамчунин нисбат ба “ҳуҷҷати такягоҳӣ” низ пайваста тағйир медиҳад. Дар тӯли даҳсолаи охири гуфтушунидҳои дуҷониба, комиссияҳои ҳуқуқӣ ва давлатии ин кишвар вобаста ба манфиати ҷониби худ дар ин ё он қитъаи баҳсӣ ва ё вобаста ба гароиши ҳуқуқию сиёсии роҳбару аъзоёни пайваста навшавандаи комиссия, ба ҳуҷҷатҳои гуногун такя менамояд. Ин мавқеи тағйирёбандаи ҷониби ҳамсояро метавон муносибати интихобӣ ё «бозӣ бо ҳуҷҷатҳо» номид.
Ба таври мисол:
1.Тибқи матни протоколи №10-и комиссияи муштарак аз 4 феврали соли 2011, гурӯҳи кории ҷониби Қирғизистон зикр намудааст, ки чун Ҷумҳурии Қирғизистон маводи комиссияи дуҷонибаи соли 1989-ро ба таври расмӣ тасдиқ кардааст, он барои Қирғизистон ҳуҷҷати ягона ва асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад. (Маводе, ки аз тарафи давлати Тоҷикистон эътироф ва расмияти давлатӣ наёфта буд.)
2.Аммо дар протоколҳои баъдии ҷаласаи гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо (№11 аз 19 ноябри соли 2011 ва №12 аз 11 феврали соли 2012), зикр гардидааст, ки ҷониби Қирғизистон пешниҳод дорад, то ба сифати асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатӣ маводи комиссияи дуҷонибаи солҳои 1958-1959 низ ба инобат гирифта шуда, маводи комиссияи муштараки соли 1989 танҳо дар ҳолати зарурӣ истифода карда шавад.
3.Дар идома, дар протоколи №16 мулоқоти гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз 22 июли соли 2013, ҷониби Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба сифати ҳуҷҷатҳои асосии муайянкунандаи тақсимоти сарҳадӣ Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Эъломияи Алмато аз 21 декабри соли 1991, Эъломияи Москва аз 15 апрели соли 1994, Оинномаи ИДМ ва Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 асос қарор дода шаванд.
4.Дар протоколи муштарак аз 01-уми майи соли 2021 ҷониби Қирғизистон дубора ба мавқеи “асос қарор додани ҳуҷҷатҳои тақисмоти миллию маъмурии солҳо 1924-1927 ва ҳуҷҷатҳои комиссияи муштараки соли 1989” розигӣ додааст.
5.Аммо дар ҷаласаҳои охир дар соли 2022 бошад, ҷониби Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки барои тасвири гузариши хати сарҳади давлатӣ ҳамаи мавод ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда истифода карда шуда, дар ягон протокол ба онҳо истинод оварда нашавад.
Аммо, тавре зикр шуд, муносибати ҷониби ҳамсоя бо ҳуҷҷатҳо асосан ҳолати интихобӣ ва манфиатӣ дошта, дар сурати тақозои манфиати худ ё иваз шудани роҳбар ва аъзои гурӯҳи кории ин кишвар муносибати онҳо бо ҳар ҳуҷҷат метавонад ба таври усулӣ тағйир ёбад. Муносибати ошкоро дугона (ҷое асос қарор додан ва ҷое умуман қабул надоштан) бо ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ё масъалаи “сарҳадҳои мавҷуда” дар Созишномаи таъсисии ИДМ намунаи олии ин гуна муносибат бо ҳуҷҷатҳост, ки дар матн ба таври мушаххас шарҳ шуданд.
(Чигунагии муносибати ҷониби Қирғизистон ба ҳуҷҷату протоклҳои имзошуда дар рафти гуфтушунидҳои солҳои охир, чӣ тавр аз тарафи ин кишвар риоя нашудани талаботи ин протоколҳо ва чӣ тавр зуд-зуд тағйир ёфтани мавқеи давлат ва комиссияи давлатии ин кишвар дар тӯли мулоқотҳо баҳси дигарест, ки дар фурсати дигар бо овардани санадҳо пешниҳод мешавад.)
Дар умум, ҳолатҳое чун зуд-зуд тағйир ёфтани роҳбарияти давлат, ивазшавии роҳбарият ва аъзои комиссияи давлатӣ оид ба марзҳо, тағйири пайвастаи сиёсати роҳбарон дар ин самт, тағйири муносибат ба ҳуҷҷатҳо, татбиқ нашудани протоклҳои имзошуда, вобастагии мавқеи хайати давлатӣ дар музокирот ба вазъияти сиёсӣ ва таносуби қувваҳои сиёсии дохилӣ ва ғайра боис шудааст, ки дар гуфтугӯҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон амалан мушкили “шарики боэътимод” ё буҳрони “тарафи босалоҳияти гуфтугӯ” пеш омадааст. Яъне, ҳоло дар ин музокирот аз ҷониби кишвари ҳамсоя нерӯи босалоҳият ва дорои қудрати қабули қарор вуҷуд надорад, то масъалаҳои баҳсӣ бо он ҳал гардад. Ба ибораи дигар, вазъият ва амсъалаи марзҳо ҳоло асири ҳолати тағийрёбандаи фазои сиёсӣ ва ихтилофҳои дохилии доираҳои сиёсию маҳаллии кишвари ҳамсоя гаштааст. Дар чунин ҳолат, қабули қарори мушаххас ва хусусан, кафолати иҷрои он аз тарафи кишвари ҳамсоя бисёр мураккаб ва гоҳо имконнопазир аст. Охирин намунаи он маҳз бо сабаби ихтилофҳои сиёсии дохилӣ аз тарафи роҳбарияти нави Қирғизистон рад шудани созишномаи соли 2006 бо Тоҷикистон ё аз тарафи порлумон рад шудани созишномаи марзӣ бо Ӯзбекистон аст, ки ҳар ду аз сӯи роҳбарияти ин давлат имзо шуда буданд.
***
Ҳамин тавр, танҳо баррасии ҷанбаи ҳуқуқию ҳуҷҷатии баҳси сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин баҳси печида дар чунин шароити мураккаб мегузарад.
9.ХУЛОСА Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН «КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР» БУДА НАМЕТАВОНАД?
Чун мақсади асосии ин навишта шарҳи соддаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ташаккули тасаввури дақиқ ва равшан дар бораи он миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар буд, дар охир моҳияти мавқеи кишвар ба забони дигар ё дар шакли чанд нуктаи ҷамъбастӣ пешниҳод мешавад. Нуктаҳое, ки дарки он барои ҳамаи мо ҳам зарур ва ҳам воҷиб мебошанд:
9.1.МАҚОМ Ё СТАТУСИ ДУ ҶОНИБИ БАҲСИ МАРЗӢ:
Тамоми ин 211 000 га замин, ки ҳоло болои он баҳс меравад, қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби замин ва талабкунандаи ҳаққи қонунии худ баромад мекунад. Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кишварест, ки аз баргардондани заминҳои қонунии кишвари ҳамсоя худдорӣ менамояд. Яъне дар ин баҳс ТОҶИКИСТОН ҶОНИБИ ҲАҚДОР ВА ҚИРҒИЗИСТОН ҶОНИБИ ҚАРЗДОР МЕБОШАД. Чунин нақш ва мавқеи ду ҷониб дар ин низоъ бояд дар дохилу хориҷи кишвар дақиқан фаҳмонида ва дониста шавад.
9.2.ҲАҚИҚАТ ВА ВОҚЕИЯТ ДАР ИН БАҲС:
Ин 211 000 гектар замин аз назари ҳуқуқӣ сад дарсад ба Тоҷикистон таллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон ҳаргиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Тавре дида шуд, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд. Аммо, дар айни замон, ин заминҳо ҳоло бо сабабҳои гуногуни зикршуда дар ихтиёри Қирғизистон мебошанд. Яъне, ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА АДОЛАТИ ҲУҚУҚӢ ПУРРА ДАР ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН АСТ, АММО МУТААССИФОНА, ВОҚЕИЯТ (ЗАМИНҲО) АМАЛАН ДАР ИХТИЁРИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚАРОР ДОРАД. Ин манзараи баҳс низ бояд тасаввур ва дарк шавад.
9.3.ҲАДАФ ВА МАНФИАТИ ДУ ҶОНИБ ДАР ИН БАҲС:
Бо дар назардошти ду нуктаи боло, дар низоъ ва гуфтушунидҳои марзӣ, талош, ҲАДАФ ВА МАНФИАТИ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН БАРГАРДОНДАНИ ЗАМИНҲОИ ҚОНУНИИ ХУД АСТ. Аммо дар ин раванд талош, ҳадаф ва манфиати Қирғизистон дар ихтиёри худ нигоҳ доштани ин заминҳои Тоҷикистон ва дар ниҳоят, ҲАМЧУН ҚАЛАМРАВИ ХУД РАСМИЯТ БАХШИДАН БА ОНҲОСТ. Ба истилоҳи дигар, мавқеи Қирғизистон барнагардондан ва ба таври ниҳоӣ аз худ кардани ин заминҳост.
9.4.МАСЪАЛАИ ТАШХИСИ КИШВАРИ «ТАҶОВУЗГАР» ВА КИШВАРИ «ҒОСИБ» ДАР ИН БАҲС:
Бо назардошти се нуктаи боло, дар ин баҳси сарҳадӣ, ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат НАМЕТАВОНАД ҲАМЧУН КИШВАРИ ТАҶОВУЗКОР Ё АГРЕССОР ШИНОХТА ШАВАД, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат надорад ва ба он дахолат ё ҳуҷум накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Ҳатто дар ҳолати бо роҳи зурӣ ва низомӣ заминҳои қонунии худро баргарднидан низ, на аз назари ҳуқуқӣ ва на аз назари воқеию таърихӣ Тоҷикистон кишвари ҳуҷумкунанда ва тарафи таҷовузкор намешавад, зеро ЯК КИШВАР НАМЕТАВОНАД БА ҚАЛАМРАВИ ХУДАШ «ҲУҶУМ» КУНАД Ё БА ОН «ТАҶОВУЗ» КУНАД. Аз ин рӯ, дар ин баҳсу буҳрон мавқеъ, талош ва муборизаи Тоҷикистон барои баргардондан ё озод кардани қаламрави ғасбшудаи худ моҳияти одилона дорад.
Аммо ҷониби Қирғизистон, ки ҳоло заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, дар ин баҳс БО ТАМОМИ АСОСҲО ҲУҚУҚИЮ МАНТИҚӢ ҶОНИБИ ҒОСИБ БА ҲИСОБ МЕРАВАД.
***
P.S. Чунин шарҳи соддаи моҳияти низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои он зарур аст, ки илова бар мутахассисон, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро дуруст донад ва дар асоси санаду далелҳои қавӣ ба ин нуктаҳои содда ба дурустии мавқеи худ ва кишвари худ боварии комил дошта бошад. Аз ҷумла эътимод дошта бошад, ки:
1.Он 211 000 гектар замини зикршуда аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд;
2.Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад;
3.Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад;
4.Ҷониби Қирғизистон аз баргардондани заминҳои ғасбшудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад;
5.Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад;
6.Дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст;
7.Истодагӣ ва мавқеи давлат ва роҳбарияти кишвар дар ин масъала ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад;
8.Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозии хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Ин мавқеи бархақ ва дифоъи муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст.
Доштани чунин пояи мантиқӣ ва чунин бовари рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос, барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад. Табиист, ки бе донистани рӯшани моҳияти масъала ва танҳо дар асоси шиору эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ аз чизе хеле мушкил аст. Зеро, чуноне, ки мегӯянд, ҲАР БОВАР БОЯД МАНТИҚ ВА АСОСИ УСТУВОР ДОШТА БОШАД.
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ