Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Забоншинос”-и кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони факултети филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб рафта, имрӯз дар толори Шӯрои олимони факултет маҳфили навбатии он бо иштироки роҳбари маҳфил, инчунин ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул баргузор гардид.
Нахуст суханро роҳабри маҳфил Ситораи Абдурасул оғоз намуданд. Сипас, Меҳронаи Сафаралӣ, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Калимасозии исмҳои мураккаб дар “Гардиши Девбод”-и Абдулҳамид Самад” ва Шоқурбонова Нозанин, донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Сохтор ва калимасозии топонимияи романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода” баромад намуданд.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Забоншинос” яке аз беҳтарин маҳфилҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта моҳе ду маротиба бо шунидани маърӯзаҳо баргузор мегардад. Дар охир миёни аъзоёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.