Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

by admin
150 views
Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳастии мо зи Парчам аст!” бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдулов Дилшод, ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро декани факултет Расулова Лутфия баромад намуда, қайд намуданд: “Парчами мо ифтихори мост. Он имрӯз ҳамчун муаррифгари кишвар дар тамоми дунё мебошад. Парчам дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатамон ба шумор меравад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Парчами Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як шахси худогоҳ аст. Бо дидани Парчам дар пояи баланд дар дили кас меҳри ватандорӣ бедор мегардад. Парчамдории тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳо дорад”.
Сипас, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ дар мавзуи “Парчами миллӣ рамзи давлатдорист”, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдулов Дилшод дар мавзуи “Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Ҳамчунин донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси география Давлатов Аҳлиддин дар мавзуи “Таърихи Парчами миллӣ” ва донишҷӯи дигари ҳамин ихтисос Дилафрӯзи Ҷурахон дар мавзуи “Ливои мо-ифтихори мо!” баромад карданд
.
Дар охир гурӯҳи донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи Парчами миллӣ қироат намудан

Related Articles

Leave a Comment