Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ОЗОДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ОЗОДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

by admin
246 views
Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-уми ноябри соли 2014.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди конститутсияҳои замони Шӯравӣ бахшида ба асосҳои иқтисодии давлат ва ҷамъият боби махсус надорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Конститутсияи замони истиқлол мафҳуми асосҳои иқтисодӣ ва соҳибкориро сарфи назар мекарда бошад. Барои озодии фаъолияти сохибкорӣ меъёрҳои дар Конститутсия дарҷ шуда, ки муносибатҳои соҳибкориро ба танзим медароранд, хусусан нишондоди моддаи 12-и Конститутсия оид ба асоси иқтисодиётро ташкил додани шаклҳои гуногуни моликият, инчунин озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷ умла моликияти хусусиро кафолат додани давлат аҳамияти калон доранд. Конститутсияи амалкунанда давлатро уҳдадор кардааст, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро таъмин ва рақобати солимро дастгирӣ намояд.
Боиси қайд аст, ки аз сабаби оне ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавӣ мебошад, меъёрҳои ҳуқуқии он марҳила ба марҳила бо назардошти инкишоф ва рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷ омеа вобаста мебошанд.
Қабл аз оне, ки мо ба баррасӣ ва таҳлили мавзӯи мазкур оғоз намоем, бояд мафҳуми озодии фаъолияти соҳибкориро шарҳ дод. Бинобар сабаб, дар зери мафҳуми «Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқи оғоз кардан ва амалӣ намудани чунин фаъолиятро аз тарафи шаҳрванд ва ташкилот дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт фаҳмида мешаванд.» Ин принсип дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст. Дар он гуфта шудааст, ки «Давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкориро кафолат медиҳад». Қисми 2-юми моддаи 12-и Конститутсия давлатро вазифадор сохтааст, ки ҳуқуқи субъектҳои гуногуни моликиятро якхела ҳимоя намояд, барои инкишофи онҳо шароити якхела фароҳам орад ва онҳоро бо қоидаҳои рафтори ягона ба танзим дарорад. Вале бояд зикр кард, ки озодии фаъолияти соҳибкорӣ мутлақ набуда, мумкин аст аз тарафи қонунгузор ба манфиати ҷамъият маҳдуд карда шавад. То қабули Кодекси гражданӣ (қисми 1) тартиби иҷозатдиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» аз 23 декабри соли 1991 ва бо иловаю тағйиротҳо аз 14 декабри соли 1996 муқаррар карда шуда буд
.
Сарчашмаи ҳуқуқии соҳибкориро қонунгузории он, яъне маҷмӯи санадҳои ҳуқуқие, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқ, ифода карда мешаванд, ташкил медиҳад. Дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар қатори Конститутсия дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қабили қисмҳои якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.06.1999), қисми дуюм (11.12.1999) ва қисми сеюм (1 марти соли 2005); Кодекси мурофиавии иқтисодӣ; Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» (29.11.2000); «Дар бораи хоҷ агиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» (15.03.2016); «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» (10.05.2002); «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ»; «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»; «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Дар бораи мороторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гаштаанд.
Як нуқтаро зикр кардан ба маврид аст, ки дар давлатҳое, ки низоми ҳуқуқиашон англо–саксонӣ мебошанд, қоидае вуҷуд дорад ва мувофиқи он агар қонуне дар амал татбиқашон дида нашавад, онро қонуни «мурда», агар татбиқашон дар амал дида шавад, онро қонуни «зинда» номгӯзорӣ кардаанд. Бо овардани чунин мисол, мақсад аз он иборат аст, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар болозикршудае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, татбиқи амалии онҳоро дар тамоми соҳаҳо ва қаламрави кишварамон ба таври васеъ мушоҳида кардан мумкин. Тасдиқи гуфтаҳои боло дар он ифода мегардад, ки 14 октябри соли 2014, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такони нав бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, беҳбудии фазои сармоягузории кишвар дар фарҷоми мулоқоти судманди худ бо соҳибкорону сармоягузорон чунин гуфта буд: «Пешниҳод мекунам, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи Шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14–уми октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад». Бо ин мақсад низ 14.10.2015 бо иштироки Президенти кишварамон нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор таҷлил гардид, ки дар он бурду бохт дар ин самт ироа карда шуд
.
Дар ҷумҳурӣ беш аз даҳсол ин ҷониб дар бахши соҳибкорӣ марҳила ба марҳила ислоҳот идома дорад ва он низоми иҷозатдиҳӣ, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, мороторияи санҷ ишҳои соҳибкории истеҳсолӣ, заминаи ҳуқуқию иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ, низоми андозбандӣ ва санҷишҳоро дар бар мегирад. Дар як соли охир қариб 688 нафар зиёд шудани теъдоди соҳибкорон худ шаҳодати самараи ислоҳот аст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ва хубтар фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодии ҳамкориҳои байни давлат ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид, инчунин Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қариб 10 сол инҷ ониб фаъолият карда истодааст. Дар баробари ин бо мақсади вазъи дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ нисбати соҳибкороне, ки сармояи ибтидоӣ надоранд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷ мҳурии Тоҷикситон» ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” фаъолият менамояд, ки аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад. Барои мисол тӯли солҳои 2013-2018 аз ҷониби фонди мазкур 161 лоиҳа ба маблағи 222 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар ин радиф санаи 23.10.2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки як такони ҷиддие барои ҳалли мушкилӣ дар самт хизмат хоҳад кард.
Ёдовар бояд шуд, ки қонунгузории амалкунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон ва соҳибкорон як қатор кафолатҳо ва имтиёзҳоро муқаррар намудааст, аз ҷ умла тибқи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардиданд, инчунин тайи солҳои 2015 ва ҳашт моҳи аввали соли 2020 аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷ ӣ тавассути қаламрави гумрукии кишвар ба маблағи 312 миллион доллари амрикоӣ таҷ ҳизотҳои гуногуни истеҳсолию технологӣ ва техникаи кишоварзӣ бидуни супурдани пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷ ми 360 миллион сомонӣ воридгардида озод карда шудаанд
.
Маҳз ҳамин кафолату имтиёзҳост, ки дар кишварамон сол то сол шумораи субъектҳои соҳибкорӣ зиёд гашта истодааст. Масалан, теъдоди умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ то 1 апрели соли 2022, 339982 ададро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 339294 адад ё 688 адад зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳо ва факту рақамҳои дар болозикршуда хулоса баровардан мумкин аст, ки меъёрҳои ҳуқуқии моддаи 12–уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии фаъолияти соҳибкорӣ меъёри шахшудамонда набуда, балки меъёри ҳуқуқие мебошад, ки аз татбиқ шудан ё нашудани он дар амал ба инкишоф ва рушди муносибатҳои иқтисодии кишвар вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, хотирасон бояд кард, ки дастгирии яктарафаи давлат нисбат ба соҳибкорон самаранок нахоҳад шуд, агар соҳибкорон низ дар инкишофи муносибатҳои иқтисодии кишварамон саҳми назаррасе нагузоранд
.
Бахтиёр НАЗАРОВ, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment