Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИНБАРИ НАҶОТИ ВАТАН

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИНБАРИ НАҶОТИ ВАТАН

by admin
100 views
Бо ифтихору шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, имрӯз миллати сарбаланди тоҷик дар остонаи истиқбол намудани яке аз рӯзҳои муҳими таърихӣ, яъне 30- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин Иҷлосия воқеан ҳам тақдирсоз ва руйдоди муҳими таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.
Аз саҳифаҳои таърих ба мо маълум аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта, ҳукумати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурд. Давлатҳои аъзои он як — як истиқлолияти худро ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 — сентябри соли 1991 истиқлолияти худро расман қабул кард. Вале дере нагузашта бо дахолати душманони миллати тоҷик Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ин ҷанг барои халқи Тоҷикистон мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷони беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон қурбон гардида, қисми зиёд ба давлатҳои хориҷ гуреза шуданд.
Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзаву оянда гардад. Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки “Ман ба ҳар яки Шумо фарзандони барӯманди миллати тоҷик қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гӯл-гӯлшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор дар кишварамон ҷон лозим шавад, ман ҷони худро дар ин роҳ нисори Ватан ва халқи он менамоям”.
Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳу субот ҷони хешро дар хатар гузошта, оромию осоиштагиро ба ҳар як хонаи тоҷику тоҷикистонӣ муяссар гардонид. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз роҳбари оқилу хирадманд рӯи саҳнаи сиёсат омад ва бо талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлол ва Ваҳдати комилро соҳиб гашт.
Иҷлосия тавонист, ки роҳбари нави давлатро интихоб намояд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии халқ, сазовори вазифаи роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Чунон, ки таърих гувоҳ аст, дар ин муддат Пешвои муаззами миллат такмили аниқи сиёсӣ ёфтанд, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳофар дар ҷаҳон дурахшиданд ва бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаашон, ки онҳоро шоҳкориҳо меноманд, барои халқи тоҷик ва таърихи навини он хизмати таърихӣ анҷом доданд, ки барои корномаҳои нотакрорашон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштанд ва миллати сипозгузори тоҷик ин шахсиятро Пешвои миллат интихоб карданд.
Барои дарки насли имрӯзу ояндаи тоҷик, ки Истиқлолияти давлатӣ бо Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ музаффариятҳои халқи шарафманди тоҷик ба ҳисоб мераванд, ва барои ҳифзи ҳамаи ин арзишҳои ҳаётан муҳим ҳамешагӣ бояд кӯшишу талош варзем, то роҳеро ки Пешвои муаззами миллат барои бақои давлатдории тоҷикон дар масири ҳазорсолаҳо бунёд гузоштаанд ба соҳилҳои мурод бо шоистагӣ бирасонем.
Бо дили пур метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сокинонро аз ноумедиву маъюсӣ раҳо дода, рисолати ниҳоят бузургро анҷом дод — сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гардид. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо – наслҳо ва ҷомеъаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро, хосатан хизматчиёни давлатиро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини зебоманзари аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, муҳофизи ин марзу бум ва давлати миллиамон бошем.
Мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш интихоб намуда, шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Абилова ФИРӮЗА, ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment