Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

by admin
178 views
Имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Абдуҷаббори Сафаралӣ дар мавзуи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” дар гурӯҳи таълимии 103-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ гузаронида шуд.
Дар дарси кушод мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои филологӣ Шералиева Садбарг, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ Акбарова Маҳрамбӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари гурӯҳ Абдуҷабори Сафаралӣ дарсро оғоз намуда, қайд карданд: “Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиклолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами миллӣ рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.
Сипас, Собирова Шарифамо, донишҷӯи гурӯҳи мазкур дар мавзуи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз”, Фарзонаи Саъдулло дар мавзуи “Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ”, Шарофиддинзода Фирӯза дар мавзуи “Парчами миллӣ-рамзи Истиқлол” баромад намуданд.
Ҳамзамон кӯдакони кӯдакистони “Ситора” порчаҳои шеърӣ дар васфи парчам қироат намуданд.
Дар фарҷом номзади илмҳои филологӣ Шералиева Садбарг суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment