Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбати “Маърифати молиявӣ” дар мавзуи “Зарурати рушди инноватсионии таҳсилот дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид.
Дар маҳфил номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз Комилов Низомиддин, ассисенти кафедра ҳамчунин роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин, муаллими калони кафедра Сафаров Зулфиқор ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Амирзода Нушофарин, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Зарурати рушди инноватсионии таҳсилот дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” бо роҳбарии муаллими калони кафедраи молия ва қарз Сафаров Зулфиқор маърӯзаи худро ироа намуд.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.