Home ХАБАР НАШРИ КИТОБ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

НАШРИ КИТОБ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

by admin
203 views
Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зери унвони «Судьбоносный поворот в истории независимого Таджикистана» аз чоп баромад.
Муаллифон номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Азамов Хурсанд ва доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Абдуллоев Маҳмуд буда, китоб бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 09.2022 No2/3-1 ба чоп тавсия шудааст.
Ин асари таърихӣ зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек гузашта, ба он Маҳмадов А.Н., ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИ, профессор ва Набиев В.М., доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тақриз навиштаанд.
Муаллифон дар китоб кӯшиш кардаанд, ки дар асоси маводҳои назариявӣ ва амалӣ аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муътадил гардонидани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат равшан нишон диҳанд. Дар баробари ин, дар китоб масъалаҳои таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ, ҳифзу густариши истиқлол, муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлати нав, ки пас аз иҷлосия рух додааст, баён шудааст.
Дар монография хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуда, муаллифон бо сарчашмаҳои муътамад такя кардаанд.
Китоб ба таърихнигорону муҳаққиқон ва донишҷӯёну пажӯҳандагон тавсия дода мешавад.

Related Articles

Leave a Comment