Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

by admin
153 views
Иҷлосияи 16- уми Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.
Ба ин муносибат имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Сипас, ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, иброз доштанд: “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон, бо як шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Ман фикр мекунам, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад.
Боиси қаноатмандӣ ва масъулиятшиносии баланд аст, ки дар масири кӯтоҳи давлатдории навинамон аз баракати сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаю ояндабини Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдату субот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву волоияти қонун, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам гардида, ормонҳои миллӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузургу муқаддас табрику муборакбод намуда, бахту саодат ва осудагию оромиро таманно дорам”.
Ҳамзамон як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ректори донишгоҳ бо сипоснома ва диплом қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов таронасароӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment