Бо ибтикори кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 12-уми ноябр семинари илмӣ-медотии кафедра гузаронида шуд.
Дар семинар мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ Комилов Низомидин ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд
.
Дар ҷаласа масъалаи муҳокима ва тасдиқи саволномаҳо аз фанҳои таълимии кафедра баррасӣ шуданд. Мудири кафед Комилов Низомиддин оид ба сифат, мазмун, мутобиқати тестҳо ба фанҳои таълимӣ ва аз рӯи меъёрҳо муайян намудани тестҳо дар асоси барномаи таълимӣ ва силлабус баромад кард.
Ҳамзамон муаллимони калони кафедра Шафиев Бахтиёр ва Холиқзода Аҳлиддин оиди масъалаи мазкур андешаҳои худро баён доштанд.
Дар фарчоми кори ҷаласа ба ҳар як омӯзгори кафедра супориш дода шуд, ки саволномаҳои худро дар вақти муайяншуда таҳия карда бо имзои мудири кафедра ба маркази тестӣ ва омори донишгоҳ супоранд.