Имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он” баргузор гардид.
Дар конфронс декани факултет Давлатов Миралӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар, мудири кафедраи фанҳои табиӣ, риёзӣ ва методикаи таълими он Акбарова Маҳрамбӣ, саромӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал декани факултет Давлатов Миралӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд. Аз ҷумла, қайд намуданд: “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид”.
Сипас, Шоҳинов Ҳасан, саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсози миллат”, Назарова Хосият, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ дар мавзуи “Пешвои миллат — меъмори суҳл ва бунёдгузори давлати тоҷикон”, Ғаюров Шаҳром, магистранти курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Пайки пирӯзӣ ва хушбахтӣ” баромад намуданд.
Дар охир миёни нишастагон ва баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб доир гардид.