Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси рӯзноманигорӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Пешвои миллат ва тарғиби арзишҳои маънавӣ дар асарҳои ӯ” бахшида ба Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ассистенти кафедраи журналистика Муродов Ҷамил баргузор гардид.
Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик Мирзоева Моҳтобӣ, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Валиева Муборак ва дигар омӯзгорони кафедраи журналистика иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет Абдусамадзода Эраҷ баромад намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, қайд намуданд: “Мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст”.
Сипас, донишҷӯи гурӯҳи таълимии мазкур Рустамова Мафтуна дар мавзуи “Пешвои миллат ва тарғиби арзишҳои маънавӣ дар асарҳои ӯ” ва Саидаҳмадзода Марям дар мавзуи “Президент ва миллат” баромад карданд.
Дар охир сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром баромад намуда, дарсро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия доданд, ки чунин дарсҳо бештар гузаронида шаванд.