Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
112 views
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонунӣ барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ оғоз гардид.
Аз ин рӯ санаи 08.11.2022 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистикаи донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Иҷлосияи сарнавиштсоз” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, ҷонишини декан оид ба таълим, Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистика, Исмоилова Фарзона, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгор, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст ҷонишини декан оид ба таълим Шамшоди Ҷамшед баромад намуда, аҳли толорро ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сипас, Исмоилова Фарзона, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Нақши ВАО дар инъикоси Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ”, Одинаева Марҳабо, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ”, Алишери Абдулмаҷид, саромӯзгори кафедра дар мавзуи “Ҳадяи тақдир”, Гадоева Фирӯза ассистенти кафедра дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз” ва Муслимов Исмоил ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Тоҷикистон, Иҷлосия, сулҳ ва оромӣ” маърӯза намуданд.
Ҳамчунин дар анҷоми чорабинӣ як гурӯҳ донишҷӯён дар васфи Иҷлосия порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ва музокираҳои устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment