Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
138 views
Таърихи 9-юми ноябр дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини декан оид ба тарбияи факултет Каримов Исроил, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсияи Шарипова Сабрина, сардори Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш, котиби илмии Ҷамъияти илмии донишҷӯён, Сафарзода Сироҷиддин, котиби Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Ғаффоров Мурод ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал котиби Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Ғаффоров Мурод маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Инҷинуни сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипова Сабрина суханронӣ намуда, ҳамагонро ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда қайд кардан: “Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри таҳкими Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногун гузошта шуда буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи XVI дар таърихи ҳалқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯйи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ворид шуд”.
Сипас, Назаров Шоҳиддин, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Ҷанги Шаҳрвандӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Исломова Фарида, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Конститутсия-бахтномаи миллат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд..
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment