Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

by admin
172 views
Санаи 4-уми ноябри соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Бостоншиноси ҷавон”-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих баргузор гардид.
Дар маҳфил Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих, мудири кафедра , Алимов Қобил, асистенти кафедра, Лалбеков Собирҷон, ассистенти кафедраи мазкур ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Сараввал Роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Султони Амирхон, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи «Маданияти ҷомеаи ибтидоӣ”, Ғафори М, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Фарҳанги одамони ибтидоӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment