Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
127 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Истифодаи самараноки хотира дар ҷараёни дарс ва роҳҳои босаводшавии донишҷӯён» баргузор гардад.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, мутахассиси пешбар Иззатов Умедҷон, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар суханронӣ намуда, қайд карданд: “Раванди ба хотир гирифтан, дар хотир нигоҳ доштан ва минбаъд ба хотир овардан ё шинохтани он чизе, ки одам пештар идрок карда буд, мутаассир шуда буд ё иҷро карда буд хотир номида мешавад. Хотир дар ҳаёти инсон ниҳоят аҳамияти калон дорад. Ҳамаи он чизе, ки мо медонем ё иҷро карда метавонем, мутлақо натиҷаи қобилияти майна барои ба хотир гирифтан ва дар хотир нигоҳ доштани образҳо, фикрҳо ҳиссиёти аз сар гузаронида, ҳаракатҳо ва системаҳои онҳо мебошад. Бешубҳа хотирро анбори донишҳои одам номидан мумкин аст, зеро маҳз тавассути хотир доираи донишҳои одам зиёд шудан мегирад ва ин донишҳо барои иҷрои бомуваффақияти фаъолияти гуногун истифода бурда мешаванд ва хотираи инсон мисли китобхона аст, ки дар он китобҳо пайи ҳам гузошта шудааст”.
Дар охир атрофи мавзуи зикргардида донишҷӯён саволу ҷавоб карда посухҳои мушахас гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment