Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
152 views
 Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”-и кафедраи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб рафта, имрӯз дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистика, Холова Ғалатӣ, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия, роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил ва аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Нахуст суханро мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид оғоз намуданд. Сипас, Азимов Аминҷон, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Иттилоот, проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” ва Пӯлодзода Раҳмия, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Муаммои масъулияти иҷтимоӣ ва экологияи воситаҳои ахбори омма” баромад намуданд.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон” яке аз беҳтарин маҳфилҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта моҳе як маротиба бо шунидани ду маърӯза баргузор мегардад. Дар маҳфил ба ғайр аз омӯзгорони донишгоҳ инчунин, журналистони шинохтаи минтақаи Кӯлоб низ ширкат меварзанд.

Related Articles

Leave a Comment