Home ХАБАР 12 НАФАР ҒОЛИБ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

12 НАФАР ҒОЛИБ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

by admin
243 views
 Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба шумор меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Аз ин хотир санаи 15-уми октябри соли 2022, дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъбасти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Бояд қайд кард, дар озмун аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳашт нафар омӯзгорон ва бист нафар донишҷӯён иштирок варзида, аз рӯи шаш наминатсия ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Аз рӯи номинатсияи “Математика (арифметика, алгебра, геометря)»
1. Саймуҳаммади Сайвалӣ, донишҷӯи курси 4-уми факултети физика ва математика, сазовори ҷои 2-юм;
Аз рӯи номинатсияи “Физика ва астраномия»
1. Маъруфҷони Одинаҳмад, магистранти курси 2-юми факултети физика ва математика, сазовори ҷои 1-ум;
2. Абдулаҳадова Умеда, донишҷӯи курси 4-юми факултети физика ва математика, сазовори ҷои 2-юм;
3. Назаров Талабшоҳ, магистранти курси 2-юми факултети физика ва математика, сазовори ҷои 3-юм;
Аз рӯи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ»
1. Аввалов Бахтиёр, магистранти курси 1-уми факултети физика ва математика, сазовори ҷои 2-юм;
2. Муродов Муҳиддин, докторанти бахши 1-уми факултети физика ва математика, сазовори ҷои 3-юм;
Аз рӯи номинатсияи “Химия»
1. Ҳусейнов Ҳусниддин, магистранти курси 1-уми факултети химия ва биология, сазовори ҷои 3-юм;
Аз рӯи номинатсияи “Биология (ботаника, зология, геометря)»
1. Саймуртазои Комил, донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биология, сазовори ҷои 2-юм;
2. Расулов Кароматулло, донишҷӯи курси 5-уми факултети химия ва биология сазовори ҷои 3-юм;
Аз рӯи номинатсияи «География»
1. Ҳусейнов Аминҷон, докторанти бахши 1-уми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 1-ум;
2. Мадасани Азизмад, магистранти курси 1-уми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 3-юм;
3. Умаров Абдурашид, донишҷӯи курси 4-юми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 3-юм.
Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, ғолибони озмун баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

Related Articles

Leave a Comment