ХАБАР МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ ВОЛЕЙБОЛ by admin 20.10.2022 20.10.2022 371 views Новобаста ба давру замон, шароити таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, варзиш яке аз шуғлҳои асосии одамон ба шумор мерафт ва доимо такмил ва рушд меёфт, зеро «Тани солим-рӯҳи солим» гуфтаанд. Дар воқеъ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама вақт барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки имрӯз бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мусобиқаи “Волейбол” миёни донишҷӯписарони факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар кушодашавии мусобиқа сардори Раёсати тарбияи Холматов Баҳром, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Разоқов Наврӯз, ассистети кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Саидов Парвин ва ҳайати доварикунандаи мусобиқа иштирок доштанд. Нахуст, Холматов Баҳром суханронӣ намуда, мусобиқаро оғоз бахшиданд ва ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбиҳоро таманно намуданд. Бояд зикр намуд, ки мусобиқа аз санаи 18-уми октябр то 22-юми октябри соли равон идома хоҳад ёфт ва ғолибони мусобиқа бо сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи садорати донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ” 03.10.2025 ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ 03.10.2025 ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА СУТУНИ ҶОМЕА 03.10.2025 БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ФУРӮҒИ ДОНИШ» 02.10.2025 МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ... 01.10.2025 ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС 01.10.2025 ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БО САРДОРОНИ ГУРӮҲҲОИ... 30.09.2025 ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ БМТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ 30.09.2025 ПАЁМИ БОВАРӢ ВА УМЕД 30.09.2025 ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ДОНИШГОҲ 29.09.2025 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.