
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъминзода ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода зикр доштанд: “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад, зеро ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрӯз мо дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем”.
