Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии номзади илмҳои филологӣ, муаллимаи калони кафедраи адабиёти тоҷик Одинаева Гулбону дар гурӯҳи 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Романи «Ғуломон» ва сад соли рӯзгори тоҷик дар он” гузаронида шуд.
Дар дарс саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик Мирзоева Маҳтовбӣ, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Валиева Муборак, ассистенти кафедра Нозимова Саодат, муаллими калони кафедраи мазкур Давлатов Маҳмадсафар ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, дарсро муаллима Одинаева Гулбону оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд, муаллима доир ба романи “Ғуломон” сухан ронда қайд карданд: “Романи “Ғуломон” китобе бузургҳаҷм ва васеъ аст ва зиндагии аҷиб ва ибратомӯзи се насли мардуми заҳматкашро дар давраи беш аз сад сол ба тасвир кашидааст. Ин китоб, ки дар соли 1934 аз ҷониби Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ навишта шудааст, дар бораи рӯзгори бардафурӯшӣ ва ғуломдорӣ дар оғози садаи нуздаҳуми мелодӣ то нахустин комёбиҳои деҳқонон ва коргарони тоҷик (1933) дар Бухорост. Романи «Ғуломон» ба доштани ҷузъиёти дақиқ дар бораи рӯзгор ва зиндагии мардуми тоҷик мумтоз аст ва безорӣ аз бардадорӣ ва зердастозорӣ ва имони комил ба озодӣ аз ҳар сатри он ҳувайдост”.
Дар рафти дарс донишҷӯён аз романи “Ғуломон” баъзе воқеаҳояшро нақл намуда, аз рӯзгори вазнини мардуми он давра ёдовар шуданд. Инчунин, муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои пешниҳодкардаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир саромӯзгори кафедра Мирзоева Маҳтовбӣ суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.