Home ХАБАР ДОНИҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ ВА ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

ДОНИҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ ВА ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

by admin
162 views
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳои донишгоҳ санаи 13-уми октябр конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷумро дар толори фарҳ ангии №2-и донишгоҳ бо ҷалби донишҷӯёни таҷрибаомӯз аз факултетҳои омӯзгорӣ ва фарҳанг, филологияи рус, физика ва математика, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, химия ва биология доир намуд. Дар кори конференсия кормандони Раёсати таълими донишгоҳ , роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, садорати факултетҳо, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.
Роҳ барони бахши таҷрибаомӯзӣ, садорати факултетҳ о ва методистони тахассуӣ дар суҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид намуданд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ аз муҳимтарин воситаи тайёрии касбии донишҷӯён ба касби интихобнамудаашон- омӯзгорӣ ба шумор меравад. Мақсад аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим ба он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.
Ҳамзамон дар идомаи суҳбат ба донишҷӯён вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯ дар раванди таҷрибаомӯзӣ фаҳмонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment