Имрӯз дар факултети физика ва математика аз ҷониби мутахассиси Маркази бақайдгирии тести ва омори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳимова Сарвиноз, семинари фаҳмондадиҳии низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот дар миёни донишҷӯёни курси якум гузаронида шуд.
Дар семинар таъкид гардид, ки низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Инчунин дар семинар ба донишҷӯён ифодаи ҳуруфии баҳои донишҷӯ ва эквиваленти ададии он фаҳмонида шуд.