Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

by admin
152 views
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзуи “Меҳргон ҷашни кишоварзон” бахшида ба “Ҷашни Меҳргон” баргузор гардид.
Дар конфронс ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, сардори Раёсати илм ва инноватсия Самариддинова Зайнаб, саромӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Сафаров Холмад, саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Шоинов Ҳасан ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал суханро дотсент Шарофат Худойдодова оғоз намуда зикр карданд: “Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мекарданд. Мо ҳуқуқи комили маънавӣ дорем, ки ҷашни Меҳргонро баробари Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун натиҷаи фаъолияти киштукори баҳории кишоварзон ва бардошти ҳосил аз Модар-Замин ба унвони намод ё рамз аз суннати дерини фарҳанги кишоварзии ориёӣ ҳар сол ҷашн мегирем”.
Сипас, Сафаров Холмад, саромӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон”, Шоинов Ҳасан, саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи “Меҳргон ҷашни фаровонӣ ва меҳру садоқат”, Раҷабов Муҳаммад, донишҷӯи курси 4- уми факултет дар мавзуи “Меҳргон аз нигоҳи мардуми Ориёи” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир конфронс ба саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment