Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ!

ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ!

by admin
278 views
Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне ҳастем, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд ва ҳамчун як кишвари нотавону заиф шинос намоянд.
Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин хоинони миллат ҷангҳои интернетиро оғоз карда мехоҳанд ба ин роҳ идеяи мардумро самти худ равона созанд ва ҳадафҳои ноҷавонмардонаи ҳудро амали созанд.
Имрӯз кишвари мо бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломати барқарор кардааст, ки ин барои пешрафти кишвар мусоидат мекунад. Мо дар воқеъ бо кивари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем. Имрӯз дар ҷаҳон чандин миллатҳое вуҷуд доранд, ки соҳиби давлат, забон, марзу бум парчам ва нишони худ нестанду арзишҳои миллиашон ба боди фаромуши рафтааст. Дар баробари ин низ давлатҳои ҷангзада ҳастанд ба мисли Афғонистон, Ироқ, Сурия ки ба сулҳу субот, Истиқлолият ва осоиштагии миллати тоҷик ҳавас доранд. Сурия , Фаластин Ироқ ва монанди инҳо, ки имрӯз шаҳрвандони онҳо дар шароити ғайриинсони бо азобу машақатҳои зиёд ва пур аз хатару таҳлука умр басар мебаранд. Фарзандонашон аз илму маърифат дур монда бо яъсу ноумедӣ ба воя мерасанд. Мардуми азиятдидаи тоҷик, ки маротибае ин рузҳои пуртаҳалукаро аз сар гузаронидаанд ҳаргиз намехоҳанд, ки кишвари азизашон бори дигар гирифтори ингуна нобасомониҳо шавад.
Душманону нотавонбинони миллати мо дар қолабҳои шахсиву гурӯҳи ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли “Хамелеон” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ бо мақсади ғазби ҳокимияти қонуни истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд , ки тирашон ба нишон наход расид.
Аз ин рӯ фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро баҳри ҳифз ва ҳимояи манфиаҳои давлату миллат равона созем. Мо ҷавонон бояд канори якдигар камари ҳимат баста дар ҳифзу ҳимояи ватан омода бошем.
Маҳмадсаид МИРВАЛӢ, ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment