Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

by admin
1047 views
Забон воситаи муомилот ва муошироти одамон аст. Забон калиди дари дониш ва маърифат аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки то аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаоботи рӯзмарраи ҳаёт огоҳ гардад.
Забон калиди дари дониш ва маърифат аст. Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст. Забон ҳамчун сарвати бебаҳои инсон дар тӯли зиндагии ӯст, зеро муносибату пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию илмии ҳар як халқ эҳтиёҷ ба ин неъмати бузург дорад. Пас зарур ҳаст, ки ба ин ҷиҳати масъала низ аҳмияти ҷиддӣ диҳем, зеро ҳар миллатро аввал бо забонаш мешиносанд.
Чуноне ки Лоиқи бузург гуфта буд: «Забон шиносномаи миллат дар масири таърих будааст ва мемонад». Донистани забони ғайр, донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва тамоми дигаргуниҳоии олам мебошад. Барои омӯхтани забони дигар мо бояд пеш аз ҳама забонии модарии хешро ба хубӣ донему дарк намоем.
Чуночи:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Оре, забони модарӣ лафзи бузургу ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони ватандӯсту комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бо фароғат ҳис мекунад, то ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бинависад. Сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад, зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва лаҳни формааш дилу дида ва ҷону дилаш ором мегирад, зеро он лафзи модарӣ аст.
Ифтихори мову ту бошад, забони модарӣ ,
Аз ниёгон монда моро лафзи шевои дарӣ .
Аз қадим оини мо, таърихи мо, фарҳанги мо,
Гаштааст ин нақши мо дар донишу донишварӣ .
Хизматҳои беназири устод Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо дур нахоҳад монд. Асарҳои гаронбаҳои ӯ на танҳо таърихи гузаштаю муосири моро, балки забони зебои адабии тоҷикро дубора зинда кард.
Тараннумгари дӯстию рафоқат, инсондӯстию ватанпарварӣ , устод Мирзо Турсунзода низ баҳри Ватани азиз хизматҳои шоёне карда, дар таъриху сиёсат ва фарҳангу адабиёт нақши муҳимро бозидааст.
Қонуни забон заминаҳои истиқлолияти сиёсиро фароҳам сохт, зеро истиқлолияти сиёси бе доштани забони давлатӣ муяссар намегардад. Аз ин рӯ, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур ҳаст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро баҳри фарогирии он талқин намоем.
Ба фарзандон ба таъкид бояд гуфт, ки забон дар баробари дигар муқаддасот ҳамчунин азизу муқадас аст ва набояд нисбат ба ин ганҷинаи ҳазорҳо сол маҳфуздоштаи хеш ва баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани он беъитиборӣ зоҳир намоем. Бояд ҳамеша ҷои забони миллиро дар мадди аввал дониста, танҳо баъд аз он ба омӯзиши дигар забонҳо машғул гардем. Аммо, баъд аз оилла вазифаи асосии омӯзиши дурусти забон бар дӯши мо омӯзгорони мӯассисаҳои таълимӣ , сар карда аз мӯраббиёни боғчаву омӯзгорони таҳсилоти ибтидоӣ , миёна то устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии касбӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд. Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-сол муқаддам, яъне аз рӯзҳои авали сарвари Тоҷикистон интихоб шуданашон забони тоҷикиро забони расми эълон доштанд ва то ба имрӯз ин сиёсатро, ки ҳамсадои дили аксари мутлақи мардуми ин сарзамин аст, собитқадамона амалӣ менамоянд.
Таърихи инсоният шоҳиди он аст, ки забон, фарҳанг ва таърихи миллат бунёдтарин омилҳои мавҷудияти миллат буда, барои ташакулу таҳаввули тамоми ҷабҳаҳои ҳастии он заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Рушди устувори ҷомеъа дар заминаҳои сиёсию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, бидуни арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имконпазир аст.
Абӯҳафсии Суғдӣ , Абулмуайяди Балхӣ , Шаҳиди Балхӣ , Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ , Дақиқии Самарқандӣ , Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо шоирони дигари шарқи Ориёно аз зумраи аввалин шоироне ҳастанд, ки ба ин забон ашъори баландпоя ва мондагор эҷод кардаанд. Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он фарзанди асили тоҷик аст, ки аз миёни халқ рӯидаву бори масъулияти имрӯзи онро ба дӯш дорад. Махсусан, таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозии Пешвои миллатамон, чун як тоҷики асилзодаи кӯҳистон, дониста мешавад. Устод Айнӣ дар замони худ таъкид менамуд, ки забони пурасолати тоҷикиро аз забони тоҷикони кӯҳистон пайдо намудан мумкин аст. Ин андеша то имрӯз ҳақиқати худро гум накардааст. Табиатан ҳам чунин аст, ки агар баъзе унсурҳои лаҳҷаю шеваро сарфи назар намоем, аз забони деҳотиён кӯҳистон пайдо кардан мумкин аст. Бо таъкиди Пешвои миллат забон «ёдгории маънавӣ » ва «рамзи ҳамбастагивву иттиҳоди миллат» мебошад. Аз ин ҷиҳат бесабаб нест, ки «шоҳсутуни муқаддасоти миллӣ » имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.
Шарифова ҲАНИФА, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлататии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment