Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
193 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи “Забони мо — ҷоҳони мо» ва «Омӯзгорӣ — касби пуршараф” баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Саодати Раҳмоналӣ, мутахассиси пешбар Иззатов Умедҷон, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Табарова Алиҷон, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Омӯзгор ва ҷомеа”, Қабулова Фотима, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Муаллим сарвару саркори инсон”, Гиёев Тоҳир, донишҷӯи курси 2-уми факултет дар мавзуи “Мавқеъ ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа”, Абдураҳмонова Нигина, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Забон ҳастии миллат ва пойдевори миллат аст”, Саъдулоҷони Ҳамрохон, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Қадри устодат бидон, то қадри худ ори ба ҷо” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил ба саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment