
Дар дарс декани факултет Давлатов Миралӣ, ҷонишини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ, омӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шоҳимардонова Мунира ва дигар омӯзгорону донишҷӯён шаркат варзиданд.
Сараввал дарсро муаллима Иззатова Муҳаббат оғоз намуданд. Баъдан Фарзонаи Сафаралӣ, донишҷӯи курси 2- юми факултети омӯзгорь ва фарҳанг дар мавзуи “Мақоми омӯзгор дар ҷомеа” ва Мубораки Абдураҳмон, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Забон-ҳастии миллат” суханронь намуданд.
Инчунин, аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар ситоиши забон ва омӯзгор қироат гардид.
Дар охир декани факултет Давлатов Миралӣ суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.