Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ҶАҲОНИ МУОСИР

ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ҶАҲОНИ МУОСИР

by admin
271 views
«Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Инсоният дар охири қарни XX ва ибтидои садаи XXI ба хатари ҷиддие мисли терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одамияту олам таҳдиди бузург дорад. Терроризм як шакли экстермизм ба ҳисоб рафта, сабабҳои зуҳури он таъсир ба ҷаҳони муосир буда ақлу ҳуши оламиёнро ба худ кашидааст.
Меарзад дар нисбат ба фаҳми луғавии терроризм ба муносибати олимон рӯйоварӣ намоем. Зеро яке аз роҳои асоси ҳали масъалаҳо фаҳми якхелаи муносибат дар доираи мушкилоти мавҷуда ба ҳисоб меравад. Терроризм калимаи лотинии «terror» буда маънои тарсро ифода менамояд. Ё ин, ки дар луғати С.И.Ожегов муайян гардидааст ки терроризм аз калимаи фаронсавӣ «terrorizer» гирифта шуда маънои зуроварӣ, даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ доштанро ифода менамояд ва ё мувофиқ ба “Конвесияи мубориза бар зиди терроризм”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо қабул гардидааст, терроризм ин ҳар гуна ҳодисаи зуроварӣ бар зидди озодӣ, ҳаёт ва тандурустии одамон мебошад. Вобаста ба руйоварӣ ба муносибати олимон ҳар яке дар нисбат ба терроризм амали иртиҷои террористиро рабт дода оқибати ногувори онро ба ҷомеаи инсонӣ талқин менамояд. Баъди Инқилоби Бузурги Фаронса, калимаи «терроризм» ба синоними ҷинояткор табдил ёфт.
Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терраризм» чунин омадааст: Терроризм — яьне шакли зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёсӣ ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.
Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимияти сиёсӣ, институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Террорист — субъект, терроризм – сиёсат ва террор –воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъектонаш аст. Унсури марказии террор амали террористӣ мебошад, ки амали террористӣ асосан аз се қисм таркиб ёфтааст: ғояҳо ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамоянд; фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ; худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объект равона гардидааст.
Аммо новобаста аз муносибатҳои мавҷуда, зарароварии терроризм ба ҳаёти инсон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт меафзояд ва таҳдид аст ба амнияти миллии давлатҳои ҷаҳонӣ. Терроризм ҳамчун навъи муносибат дар ҷаҳони имрӯз вобаста ба субъектҳо ҳар навъ ба амал бароварда мешавад. Масалан терроризми давлатӣ, терроризми сиёсӣ, терроризми миллатгароӣ, терроризми динӣ, терроризми ҷиноӣ, терроризми технологӣ, терроризми кибернетикӣ, терроризми экологӣ ва ғайра. Мақсадҳои терроризмро ба ду навъ ҷудо кардан мумкинаст: 1) дохилӣ — ба вуҷуд овардани бетартибиҳо дар минтақаҳои гуногуни як давлат, ҳизбҳоро ба ҳам ангехтан, паст намудани эътибори ҳокимият ва боварии мардум нисбат ба он; 2) берунӣ — суст намудани робитаҳои байналхалқӣ, байнидавлатӣ, ба вуҷуд овардани моҷароҳо байни минтақаҳо, фишор ба шаҳрвандони давлатҳои дигар.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки терроризм ҳамчун роҳи расидан ба мақсадҳои гӯзошташуда дар доираи муносибатҳои дини низ ба назар мерасид ва мерасад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, индуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд дошт. Таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набуд. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак медод. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд ва аз сохти муносибатҳое ҳимоят мекунанд, ки ба андеша, арзишҳои сохташуда вобаста ба идеологияи онҳо бунёд шудааст, ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Айни замон зуҳури терроризм воқеияти муосири муносибатҳо буда, новобаста аз минтақаи истиқомат одамият метавонад ба амалҳои террористон дучор шавад. Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи номатлуб наҷот ёбанд. Аввалин кӯшиши мубориза ба муқобили терроризмро Лигаи Миллатҳо соли 1937 дар асоси қабули Конвенсия «Оиди пешгирии терроризм ва муҷозот барои амалиёти террористӣ» ба миён оварда буд.
Дар тӯли даҳсолаҳои охир, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии универсалӣ таҳия намудааст, ки шумори онҳо беш аз 13 конвенсия ва якчанд протоколҳои иловагӣ, инчунин як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи терроризм ва мубориза зидди ин падидаи манфурро дар бар мегиранд. Дар якҷоягӣ, онҳо ҳимоякунандаи чархи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи терроризмро ташкил медиҳанд. Аз таҳлили конвенсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ қабул шудаанд ба хулоса омадан мумкинаст, ки ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ тӯли солҳо заминаи ҷиддии ҳуқуқиро барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ фароҳам овардааст. Давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебояд саъй кунанд, ки барои мувофиқат ва бастани конвенсияи ҳамаҷониба дар бораи терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои ҳалнашуда дар мавриди таърифи ҳуқуқии миқёси дар асоси ин конвенсияҳои фарогир муносибат намоянд, то ки онҳо ҳамчун воситаи муассири мубориза бо терроризм хидмат кунад.
Бо ҳодисаи 11 сентябр вазъи сиёсии ҷаҳон ба куллӣ тағир ёфт ва масъалаи мубориза бо терроризм дар сатҳи мукаммалтару ҳамаро фарогиранда ба вуҷуд омад. Мубориза алайҳи терроризм агарчӣ сард нест, вале ба «ҷанги сард», ки то соли 1991 идома дошт, шабоҳат дорад. Баъди амалиётҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар ғарб дар бораи терроризми исломӣ мулоҳизарониҳо зиёд гардиданд, вале ислом нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад.
Дар дунё қариб инсонеро дарёфт намудан ғайриимкон аст, ки пайрави ягон дин набошад. Ҳар як дин пайравони худро дорад. Бахусус динҳои ҷаҳонӣ: ислом насрония ва буддоия, ки миллиардҳо пайравони худро пайдо кардаанд. Ба ислом нисбат додани терроризм ин маънои исломро дини бадӣ, пайравони онро пайрваони бадӣ хондан ва асосгузори онро чун асосгузори идеологияи террористӣ донистан ва баҳо додан аст. Ин таҳқири сахтест ба пайравони ин дин ва ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.
Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 қайд намуданд «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувват гирифта истодаи сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад.
Дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бонуфузи сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар коҳиш ва пешгирии таҳдидҳои дорои хусусияти террористӣ тошта саҳми назаррас дорад. Ҳамкории минтақавӣ мушкилоти умумиро тавассути такмили ҳамоҳангсозӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам ҳал менамояд. Иҷрои қарорҳои муштараки қабулшуда дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба таҳкими сулҳ ва субот дар соҳаи масъулияти ин созмонҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Ташаккули терроризм дар ҷаҳони имрӯза мушкилии ҷиддӣ буда, мақоми давлатҳоро дар якҷоягӣ барои бартарафсози ин вабо бояд этироф кард. Муборизаи объективона дар асоси манфиатҳои давлатҳои ҷаҳонӣ, бартарафсозии ин падидаи номатлуби сохташудаи гуруҳҳои манфиатҷӯро истисно намесозад. Махсусан таҳкими муносибатҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ байни давлатҳо ва дастрасии давлатҳо новобаста аз сатҳи рушд ва инкишоф дар асоси шартномаи тарафайн ва шарикии стратегӣ бо техникаю технологияи муосири ҳарбӣ вобаста ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамчун варианти асоси мубориза бар зидди ин падидаи иртиҷоӣ мебошад. Роҳи асосии мубориза ба моҷарогароӣ ва терроризм дар навбати дигар метавон гуфт, ки истифодаи зурӣ нест, зеро вобаста ба таҷрибаи амалии гузашта муносибати мазкур хосияти аксуламалиро соҳиб аст. Ҳамзон таъкид гардидани манъи ташвиқу тарғиби тамоми шаклиҳои идеологияи террористӣ ва ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ инчунин табъизи динӣ ва этиқоди диниро маҳкум намудан, ҳали ин падидаро ба ҷаҳониён пешниҳод менамояд.
Аз ин ру, роҳи дурусти муносибат ва мубориза ба ин мушкилии мавҷуда дарки дурустии заминаҳои идеологии он мебошад, ки бояд аз ҷониби давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар шароити имрӯзаи бисёрфарҳангӣ дарк карда шавад, ва камбудиҳои ҷойдоштаи дохилии давлатҳои рӯбаинкишофи минтақа, махсусан рушди нокифояи иқтисодӣ, иҷтисмоӣ, ҳарбӣ ва илм, ки боиси хосияти амалӣ касб кардани муносибати мазкур мегардад дар асоси манфиатҳои тарафайн бартараф карда шаванд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Кулли қувваҳои солими сайёро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон, номзади илмҳои сиёсӣ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment