
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда ҳозиринро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфт ва қайд намуданд: “Мусаллам аст, ки забони давлатӣ пас аз истиқлолият рушду нумӯи тоза ёфт ва мавқеи устувор пайдо кард. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин маврид як саҳми бузургу таърихӣ аст. Воқеан, бо ташаббусу ғамхории бевоситаи ӯ забони тоҷикӣ густариш ёфт. Дар замони истиқлол Президенти кишвар, баръакс худ дар мавриди пойдорӣ, рушду нуму ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ масъалагузорӣ намуданд. Зеро лаҳни шево ва забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст”.
Сипас, профессор Ҷумъахон Алимӣ дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва мақоми давлатии он”, Абдусамадзода Эраҷ, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Баҳри ман танҳо забони модарист” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, Ҳайбуллоев Шамсиддин, саромӯзгори кафедраи филологияи шарқи наздики Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи “Забони тоҷикӣ дар даврони давлатдории Сомониён” тариқи онлайн баромад намуданд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Забон ва ташаккули фарҳангӣ миллӣ” ва “Забон ва пажуҳишҳои илмӣ” идома ёфт.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия беш аз 30 маърӯзаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногуни забон шунида шуданд.