Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

by admin
199 views
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дарси кушод дар мавзуи “Журналистикаи Британияи Кабир” дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Дар дарс муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия Сафарзода Манучеҳр, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул ва дигар устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро муаллим Алишери Абдулмаҷид оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд муаллим доир ба журналистикаи Британияи Кабир сухан ронда қайд карданд, ки “Пайдоиши матбуоти даврӣ дар Англия ба инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ,, сиёсиву маданӣ вобаста аст. Оғози нашри китоб дар асри 15, инкишофи тиҷорати дохилию байналмилалӣ, раванди инкишофи миллӣ, ривоҷу такмили забони ягонаи англисӣ, ки аз омилҳои пурқуввати Эҳёи Англия буд, барои пайдоиши матбуот низ пояи мустаҳкаме гузошт. Соли 1922 ширкати аввалини радиошунавии Британия таъсис ёфт. Ширкати мазкур аз соли 1927 ба Корпоратсияи бритониёи радиошунавонӣ БИ-БИ-СИ) табдил ёфт, ки ҳуқуқи инҳисории фарогирии тамоми қаламрави Англия ва Ирландияи Шимолӣ ба ин ширкат вогузошта шуда буд. Аз соли 1930 БИ-БИ-СИ радиошунавонии бурунмарзиро оғоз кард, ки он баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон фарохтар гардид”.
Инчунин ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия Сафарзода Манучеҳр суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment