Тоҷикон аз нахуст чун халқи сулҳпарвару соҳибтамаддун ва фарҳангдӯсту раиятпарвар шинохта шуда, ин анъана то имрӯз идома ёфта истодааст.
Авзои сиёсию фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар яки мо талаб менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро пойдории давлату ҳукумат ва оромию осоиштагии сокинони он, пеш аз ҳама аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
Бар мегардем ба асли матлаб, яъне ҳаводисҳои марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки солҳост роҳи ҳалли худро наёфта истодааст. Мутаассифона, аз ин мавқеъ хоинони миллати тоҷик мехоҳанд истифода бурда, ба ҷойи об болои оташ равған рехта истодаанд.
Тоҷикистон сарзаминест, ки ҳама гуна миллатро, новобаста ба қавму нажод дар оғуши худ пазируфтааст, албатта ин нишона аз ваҳдатпазирии миллати тоҷик мебошад. Барои мисол, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ду донишҷӯписари қирғизтабор – Эрлан ва Азизбек таҳсили илм мекарданд. Муносибати аҳли коллективи донишгоҳ, аз ҷумла факултет ба донишҷӯён гӯёи башардӯстии мо, тоҷикон мебошад.
Як бартарии миллати тоҷик, албатта ба андешаи ман, ин раҳмдилию инсодӯстии он мебошад. Зеро омӯзгорон бештари вақт ба Эрлан ва Азизбек (ман онҳоро бештар бо ном садо мекардам, зеро ин аҳаммияти махсуси худро дорад) дар баробари сахтгирӣ, муносибати меҳрубонона доштанд.
Ҳадафи мисолҳои овардашуда ин аст, ки мо тоҷикон бо миллати қирғиз ҳам ҳамсоякишвар ҳастем ва ҳам дӯсти қарин. Бояд масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи сулҳу дӯстӣ ҳал карда шавад. Чунки ҷанг ҳеҷ гоҳ ба ягон давлат хубӣ наовардааст, ба ҷуз ба кишварҳои абарқудрати барангезандагони фитнаву ҷанг.
Аз ин рӯ, ба ҳамсоякишварамон муроҷиат менамоем, ки ба фитнаву иғво дода нашаванд, зеро вайрон кардан осон асту обод кардан душвор. Бигузор марзҳо бо роҳи қонунӣ ва ҳуҷҷатӣ ҷудо гардида, рафтуои сокинони ҳарду кишвар побарҷо бошад.
Шамшоди Ҷамшед, ҷониши декан оид ба таълими факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ