Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАҲДИДҲОИ МАРЗӢ ВА ХАТАРҲОИ ФАЛОКАТБОРИ ОН

ТАҲДИДҲОИ МАРЗӢ ВА ХАТАРҲОИ ФАЛОКАТБОРИ ОН

by admin
205 views
«Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем»
Эмомалӣ Раҳмон.
Таърих фарогири замонҳои гузашта ва имрӯз мебошад. Дар фосилаҳои замонӣ гузашта одамон ба ташаккули ҷамъияти инсонӣ баҳои худро медиҳанд ва воқеиятҳои гузаштаро ошкор месозанд. Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бо нангу номусаш тавонистааст то имрӯз тамаддуни худро нигоҳ дорад. Мардуми шарафманди мо дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ урфу одатҳои миллии худро новобаста аз хатарҳои онрӯза нигоҳ доштааст. Миллати точик аз қадим сулҳпарвару ватандӯст буданд ва мемонанд.
Аз мушоҳидаҳои охир дида мешавад, ки имрӯз хатарҳои муосир ба давлати моҳам таъсири худашро расонида истодааст. Яке аз ин хатарҳо, ин ҳучуми ҳамсоя кишвари мо Қирғизистон мебошад, ки рӯзҳои 14 то 18-уми сентябр соли равон дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, ки кулли мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Дар ин даргириҳои шадид зиёда аз 50 нафар кушта ва 100 нафар захм бардоштаанд, ки дар ин миён одамони осоишта низ буданд. Аз ҳама даҳшатовараш он аст, кӯдакони бегуноҳро зери ҳадафи худ қарор додаанд. Якқатор хонаҳо ва молу мулки сокинони осоишта аз зарбаи ин душманони бераҳм вайрону валангор гаштааст.
Саволе ба миён меояд, ки чаро то имрӯз масъалаи марзи ҳалли худашро намеёбад. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки ҳукуматдорони қирғиз ҳал шудани сарҳадро намехоҳанд. Чи хеле, ки Раиси кумитаи амнияти милли ин кишвари ҷангҷӯ гуфтанд, мо дар сурате ба тавофуқ мерасем, ки агар Ворухро ба 12-ҳазор гектор замин иваз кунанд. Ба ғайр аз он боз таҳдиди дигаре ҳам кард, ки дар сурати ба мувоффиқа нарасидани ҷонибҳо мо иҷозати хариду фуру ва дигар робитаҳоро дар марзи Қирғизистон маън менамоем. Ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки кишвари Қирғизистон созиш кардан намехоҳанд. Милати тоҷик ба ягон кишварҳои ҳамсоя ғаразе надорад ва нахоҳад дошт. Мо ҳамеша сулҳ мехоҳем чун, ки Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси сулҳофару сулҳҷӯ мебошанд. Дар ин росто ба кулли мардуми сарбаланди тоҷик гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ҳамеша қавӣ ва иродаи мустаҳкам дота бошанд. Мо ҷавонони кишвар фахр аз он мекунем, ки кишвари тенҷу ором ва Пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон дорем. Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки ҷавонон ва кулли мардуми тоҷик ҳамеша барои ҳифзи сарҳади кишвари худ доимо омодаанд.
Ниёзов ШОКИР, ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment