Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

by admin
200 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи сиёсатшиносӣ маҳфили “Дунёи Сиёсат” баргузор гардид.
Дар маҳфил мутахассиси маркази таълим Яқубов Фирӯз, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ Қурбонзода Далер, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ, Зарипов Ҳабибуллоҳ роҳбари маҳфили мазкур ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил ассистенти кафедра Зарипов Ҳабибуллоҳ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки “Мафҳуми «сиёсат» дар таърихи тамаддуни башарият ҳамеша мавриди истифода ва баҳси ҳамагон қарор дошт. Ҳамзамон, сиёсат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсир расонида, новобаста аз хоҳишу фаъолият шахсро вориди дунёи сиёсат мегардонад. Аз ин рӯ, дарки мазмуну мундариҷа ва моҳияти сиёсат, муайян намудани қонуниятҳои рушду инкишофи он, нишон додани алоқамандии сиёсат бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хеле муҳим мебошад”.
Сипас, Муродов Муҳамадҷон, донишҷӯи курси сеюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, дар мавзуи “Давлат ҳамчун институти сиёсӣ” ва Ганҷинаи Ҷумахон, донишҷӯи курси сеюми факултети мазкур дар мавзуи “Сиёсат ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment