Имрӯз бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Иқтисодиёти рақамӣ ва нақши он дар рушди баҳисобгирии кишвар” баргузор гардид.
Дар конфронс Каҷкуллоев Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети молиявию иқтисодӣ, Навруз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Ҳакимов Абдуразоқ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Сафаров Амиралӣ, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, Каҷкуллоев Абдухолиқ, декани факултет суханронӣ намуда, қайд карданд: “Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо низ бениҳоят муҳим мебошад. Яке аз марҳилаҳои муосир ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки доир ба он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”. Сипас, Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои рақамии бонкӣ”, Сафаров Аъзам, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзуи “Таъсири омилҳои экологӣ ва гармшавии иқлим ба рушди устувори минтақаи Хатлон”, Наимов Усмон, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибт ва аудит дар мавзуи “Ҳисоббаробаркуниҳо ва ҳиссаҷудокуниҳои муҳосибӣ дар иқтисодиёти рақамӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” суханронӣ намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои устодону донишҷӯён ба анҷом расид.