Имрӯз саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими, факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ёрматов Алишер Ҷолматович дар мавзуи «Таҳқиқи технологияи педагогикаи ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти асосӣ бо оила дар тарбияи худшиносӣ », зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Грез ҳимояи рисолаи номзадиашро дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ , таърихи педагогика ва таҳсилот, бомуваффақият дифоъ намуд. Ҳайати профессорон ва омӯзгорони факултет ва донишгоҳ ӯро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамояд.