Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТАИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТАИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
168 views
Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони, «Ғазал рӯдакивор некӯ бувад» бахшида ба бузургдошти «Рӯзи Рӯдакӣ» ва истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ Шералӣ Гадоев ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро декани факултет, дотсент Расулова Лутфия оғоз намуда, ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ карда мешавад. Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст”.
Сипас, Файзалиева Азиза, донишҷӯи курси 4 -уми факултети иқтисод ва идора дар мавзуи “Зиндагиномаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, Манижаи Саймаъруф, донишҷӯи курси 4 -уми факултет дар мавзуи “Мақоми Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёт”, Шоҳинаи Аламхон, донишҷӯи курси 4 -уми факултет дар мавзуи “Панду ахлоқ дар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, Лоиқова Садафмо, донишҷӯи курси 4 -уми факултет дар мавзуи “Мизони андеша дар шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” баромад намуданд.
Дар охир аз тарафи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment